Роҳбари нави Фонди ҷамъиятии хайрияи «Вақф» таъин карда шуд

Имрӯз, 19-уми ноябр, имомхатиби масҷиди «Шайх Зайниддин» -и ноҳияи Шайҳонтоҳури Тошканд Абдураҳманов Яҳё Убайдулло огли раиси Шӯрои Бунёди ҷамъиятии хайрияи «Вақф» таъин карда шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Идораи мусулмонони Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Абдураҳмонов Яҳё соли 1985 дар вилояти Сирдарё таваллуд шудааст. Солҳои 1999-2003 мадрасаи «Мир Араб»-и Бухороро хатм кардааст. Солҳои 2004-2008 дар Донишкадаи исломии Тошканд таҳсил кардааст. Дар ин давра, ӯ дар Донишгоҳи «Ал-Азҳар»-и Ҷумҳурияти Мисри Араб таҳсил кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ