“Динамо” бозӣ ба бозӣ аз Суперлига худро дуртар мекунад


“Динамо” имрӯз дар сафар бо “Турон” рӯбарӯ шуд ва мағлубияти навбатии худро эътироф кард. Дар ин бозӣ “Турон” ба ҷамоаи шаҳри мо 3 голи беҷавоб ворид карданд.
Дониёр Исмоилов (2 бор ) ва Абдулазизхон Абдурашидов дар ин бозӣ ғалабаи “Турон”-ро таъмин намуданд.
Ёдовар мешавем, “Динамо” ҳоло дар даври дувуми Про-лига бо ҷамоаҳои “Нефтчӣ”, “Турон” ва “Шӯртан” барои роҳёбӣ ба Супер-лига рақобат мекунад. Аммо ҳамаи ин ҷамоаҳо нисбат ба “Динамо” бештар хол доранд ва имкони роҳ ёфтанашон низ ба Суперлига бештар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ