Анҷумани матбуотӣИмкониятҳои сохтори ягонаи миллии меҳнат


Парирӯз дар Хонаи матбуоти вилоят анҷумани матбуотӣ баргузор гардид. Дар анҷуман сардори Сарсадорати вилоятии Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнати Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Исроил Ҷабборов ва вакили вазорат Ҳусан Ёрқулов оиди моҳият ва мазмуни қарори Президенти Ӯзбекистон аз 31-уми октябри соли 2019 таҳти рақами ҚП-4502 “Дар бораи чораву тадбирҳои ҷоринамоии Маҷмӯаи дастур-дастгоҳи байниидоравии “Сохтори ягонаи миллии меҳнат” (МДДБ “СЯММ”) ва иҷрои қарори Девони Вазирон аз 5-уми декабри соли 2019 таҳти рақами 971 “Дар бораи чораву тадбирҳои ташкилӣ доир ба таъмини ҷорӣ кардани МДДБ “СЯММ” ҳарф заданд. Нотиқон оиди дафтарчаҳои электронии меҳнат, эҳтиёҷи соҳа ба кадрҳои баландихтисос, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳа, ташаккули ахбор — маълумоти базавӣ, фаъолияти иттилооти хусусӣ, имконияте, ки МДДБ “СЯММ” медиҳад ва ғайра сухан карданд.

  • Даровардани маълумот ба МДДБ “СЯММ” тавассути сомонаи my.mehnat.uz амалӣ мегардад, — гуфт Ҳ.Ёрқулов. — Дар ин сомона ба кабинети шахсии корхона даромадан бо имзои рақамноки электронӣ амалӣ мегардад. Фоида бурдан аз МДДБ “СЯММ”барои тамоми шахсҳои ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ бепул аст.
    Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2020 ба МДДБ “СЯММ” маълумотҳо дар бораи муносибатҳои меҳнати 43813 -то шахси ҳуқуқӣ ва 450489 нафар шахси ҷисмонӣ дароварда шуд.
    Нақшаи ба МДДБ “СЯММ” даровардани маълумотҳо оиди муносибатҳои меҳнати тадбиркорони тарзи яккаи фаъолият гирифта шудааст.
    Баъди ҷорӣ гардидани сохтори нав, ки 1-уми январи соли 2022 ба кор медарояд, одамон барои расмӣ кардани нафақа шиносномаро пешниҳод кунанд, кифоя аст.
    Дар поёни тадбир ба саволҳои журналистҳо посух доданд.
    Ҷамшед ОБИДОВ,
    Аксбардор Фирӯз АБДУМӮЪМИНОВ.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ