Имрӯз ранги тамоми дунё «кабуд мешавад»


Имсол Ӯзбекистон ба Иди умумиҷаҳонии муҳофизати бачаҳо ва тадбири «Ранги дунёро кабуд мекунем» ҳамроҳ шуд. Бинобар ин халқи мо имрӯз биноҳоеро, ки бо ранги кабуд равшан карда мешаванд, дида метавонанд. Ҷойҳои мадании сазовори диққати пойтахтамон қасрҳои «Халқлар дӯстлиги», «Туркистон» ва «Симпозиум», маркази бизнеси «Пойтахт», театри калони академии ба номи Алишер Навоӣ, Музейи таърихи Ӯзбекистон, варзишгоҳи «Миллӣ», бинои шонздаҳқабата дар майдони ба номи Ҳамид Олимҷон, аэропорти байналхалқӣ, инчунин меҳмонхонаҳо, ёдгориҳои меъмории шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Хива ҳам ранги кабуд мегирад. Ҳамаи ин рамзи эътироф нисбати бачаҳо аст.
Рӯзи 20-уми ноябр Иди умумиҷаҳонии бачаҳо қайд карда мешавад. Санаи мазкурро Созмони милали муттаҳид дар соли 1954 эълон кардааст ва ба ин қарор эътибори аҳли оламро ба таъмини ҳаёти фаровони насли наврас ҷалб мекунад. Соли 1959 айнан дар ин сана Сарассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид деклоратсияи ҳуқуқҳои бачаҳо, сипас дар соли 1989 Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои бачаҳоро қабул кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ