Соҳаи таълими томактабӣ: Чӣ нақшаҳо дар пеш аст?

Рӯзи 19 – уми ноябр дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки ходимони соҳаи таълими томактабӣ ва журналистон дар мавзӯи корҳои амалии соҳаи таълими томактабӣ тадбир барпо гардид. Тадбирро раиси шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Ф. Тошев кушод. Сипас, сардори Садорати таълими томактабии вилоят Ш. Раҳмонов оиди комёбиҳои соҳаи таълими томактабӣ маълумот дод.
Зикр гашт, ки соли 2017 ҷамъ 564 – то кӯдакистон фаъолият доштанд. Аз ҷумла, 555 ташкилоти таълими томактабии давлатӣ, 8 –тоаш ғайридавлатӣ ва 1 – тоаш боғчаҳои тобеи ташкилот ба шумор мерафт, ки доираи он 20,9 фоизро ташкил мекард.
Бино ба ҳолати 1 –уми ноябри соли 2020 дар вилоят 679 – то боғчаҳои давлатӣ, 74 – то хусусӣ, 1 307 –то оилавӣ, 84 –то дар асоси шарикии хусусию давлатӣ ва 1 – то тобеи ташкилот, ҷамъ 2 145 –то ташкилотҳои таълими томактабӣ фаъолият дорад. Ин нишондод нисбат ба соли 2017 1 581–то афзудааст. Дар давоми 3 сол доираи фоизи он ба 31,5 фоиз яъне шумораи тарбиягирандагони кӯдакистонҳо 113 267 нафар зиёд гашт, ки ин далолат ба эътибори ҷиддии ҳукумат ба соҳаи таълими томактабӣ мебошад.
Мувофиқи қарори Президентамон аз 8–уми майи соли 2019 «Дар бораи тасдиқи консепсияи ривоҷи соҳаи таълими томактабӣ то соли 2030» дар асоси нақша то охири соли ҷорӣ, расонидани фарогирии бачагон дар кӯдакистонҳо ба 63 фоиз пешбинӣ шудааст. Дар ин самт чора ва тадбирҳои зарурӣ низ андешида шудааст. Дар соли 2021 бошад доираи ин нишондодро ба 70 фоиз расонидан дар назар аст.

Дар доираи мавзӯъ

Соли ҷорӣ дар доираи Барномаи инвеститсионӣ ба истифода супоридани ҷамъ 47–то ташкилоти таълими томактабӣ дар назар буд. Барои ин 143, 163 миллиард сӯм равона карда шудааст

Дар вилоят доир ба чорабиниҳои тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон дар солҳои 2020–2021 асосан дар 88 –то ташкилоти таълими томактабӣ барои корҳои таъмирӣ 7, 4 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шуда, то ин дам қисми зиёди корҳои таъмирӣ анҷом ёфт.

Дар соҳаи таълими томактабӣ ҷамъ 11 542 нафар кадрҳои педагогӣ фаъолият мебаранд. Аз он, 3 471 нафар соҳиби маълумоти олӣ ва 8 071 нафар соҳиби маълумоти миёнаи махсус мебошанд.
То охири соли ҷорӣ 80 нафар роҳбарони ташкилоти таълими томактабӣ, инчунин, 223 нафар ходимони педагогӣ такмили ихтисос намуданд. 5636 нафар ходимони соҳиби маълумоти миёнаи махсус зина ба зина соҳиби маълумоти олӣ мегарданд.

Н.БОБОАҲМЕДОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ