Дар Ҷопон аз ҳисоби зукоми паранда тақрибан 845 000 мурғ нобуд карда мешавад

Пас аз ошкор шудани ду хуруҷи нави зукоми паранда дар префектураи Кагаваи Ҷопон, ҳукумат қарор кард, ки 845 000 мурғро нобуд кунад. Дар ин бора хабаргузории Киодо рӯзи 20-уми ноябр хабар дод.
Санҷишҳои рӯзи панҷшанбе тасдиқ карданд, ки чӯҷаҳои дар ду фермаи мурғ фавтида ба зукоми парранда мубтало шудаанд. Дар маҷмӯъ, 845,000 парранда аз хоҷагиҳои деҳқонӣ нобуд карда мешавад.
Аввалин ҳолат дар аввали моҳи ноябр дар як фермаи мурғии Митойо ба қайд гирифта шудааст. Он вақт деҳқонон маҷбур шуданд, ки зиёда аз 330 000 мурғро нобуд кунанд. Дар шаҳр чораҳои карантинӣ андешида шуданд. Фурӯши маҳсулоти корхонаҳои паррандапарварӣ, ки дар масофаи 10 километр дуртар аз Митойо воқеъ аст, манъ карда шуд. Бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, беморӣ паҳн шуданро идома медиҳад. То ба ҳол, шаш ҳолат дар Мийото ва як ҳолати Хигасикагава бо зукоми парранда ба қайд гирифта шудааст.
Русия воридоти гӯшти парранда аз Ҷопонро 11-уми ноябри соли ҷорӣ манъ кард.
Ҳукумати Дания инчунин қарор кард, ки рӯзи 17-уми ноябр дар робита бо паҳн шудани зукоми мурғии H5N8 дар фермаи паррандапарварӣ 25 000 мурғро нобуд кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ