Дар Сенегал бемории номаълум ба илм кашф паҳн шуд

Олимони Сенегал сарчашмаи як бемории навро меҷӯянд, ки барои соҳаи илм ҳанӯз номаълум аст. То ҳол садҳо нафар аҳолии Сенегал мубталои ин бемории номаълум шудаанд. Ҳамаи беморон моҳигир мебошанд. Онҳо дар як ноҳияи назди уқёнуси Атлантика моҳӣ медоштанд. Дар ин бора Reuters хабар дод.
Варами пӯст, таб, дарди сар, хушкии гулӯ ва сӯзиши чашм нишонаҳои беморӣ аст. Ҳоло ҳамаи беморон дар карантин нишастаанд.
Олимон хулоса карданд, ки ин бемории сирояткунанда аст, вале ангезандаи беморӣ (вирус, микроб, бактерия ва ғайра) ҳанӯз кашф нашудааст. Ба назари олимон, оби уқёнус эҳтимолан боиси бемории моҳигирон шудааст.
Нахустин ҳолати мубталошавӣ ба ин бемории номаълум рӯзи 12 ноябр сабт шуд. Дар рӯзҳои баъди шумори мубталоён хеле зиёд шуд. Манбаъҳо шумори беморонро 500-700 нафар гуфтаанд. Ҳокимиятҳои маҳаллӣ аз мардум дархост карданд, ки худро аз оби уқёнус дур нигаҳ доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ