ШИКОР ДАР ҒОРИ СИЁҲ

Калонҳо ба ман шарт гузоштанд. Барои ба сафи онҳо дохил шудан, бояд мори дарози обиро дошта ба гардани Қулмати ланг меовехтам. Ин кор он қадар душвор набуд. Мӯйсафед одами вазнин буд, касеро намеранҷонд. Айнаки калонеро рӯйи чашм гузошта, атрофи хонаро давр зада мегашт. Чун соя аз пасаш гардӣ ҳам, пай намебурд. Пай барад ҳам, эътибор намедод. Аз ин боис, ба гардани ӯ овехтани мор барои ман кори чандон душвор набуд. Аммо морро чӣ тавр бояд дошт? Мори обӣ намегазад, албатта. Вале мегазад ё на, номаш бимангез аст. Бо дидани он баданам виҷиррос мезанад. Ба рӯд нигоҳкунон фикре аз сарам гузашт: Агар аз ӯҳдаи ҳамин кор бароям, бо бачаҳои аз худам калон дар оби софу каб-кабуд оббозӣ кардан насибам мегардад.
– Бача, магар тарсида истодаӣ? – моҳии дасташро дар оташ дошта гуфт Раҳимака.
– Туро бин-а, барои он ки ба мо ҳамроҳ шавӣ, шарти оддӣ гузошта будам. Шарманда кардӣ-ку. Шукр кун, ки ба ғори Сиёҳ даромада баро нагуфтам.
Бо шунидани ибораи ғори Сиёҳ вуҷудам ларзид. Дар асл ғори Сиёҳ ғор набуд, он як қисми рӯд буд, ки аз таги роҳи калон мегузашт. Аз дур даруни нақб сип-сиёҳ менамуд, аз ин боис онро ғори Сиёҳ меномиданд. Ба он ҷо ҳеч кас махсус намедаромад. Каси тасодуфан дар об ғарқшуда аз он ҷо зинда набаромадааст. Обе, ки ба нақб медаромад, бошиддат, лойолуд ворид мешуд. Ба гирдоб монанд буд ва гӯё одамро ба комаш мекашид. Аҷибаш дар он буд, ки оби аз он тарафи нақб баромада тоза ва ором буд. Ба ин ҷо даромадан бо марг баробар.
Ба ғор аз бачаҳои калон ҳеч кас даромада наметавонист ва ҳатто дар наздикии он оббозӣ намекарданд. Аммо назар ба гуфтаи бачаҳо Раҳимака рӯзе то даҳони нақб шино карданист. Ҷойи ҳайрат нест, зеро дар байни бачаҳо нерумандтаринашон Раҳимака буд. Дар об хуб шино мекард. Аҷибаш ин ки моҳиро байни ду по монда даст мегирифт. Морро аз думаш дошта дар гирди сар чарх занонданашро бо чашми худ дида будам. Хулоса, ба Раҳимака ҳамаамон ҳавас мекардем.
– Натарс, ба ғори Сиёҳ даро намегӯям. Ба он ҷо аввал худам даромаданиям. Наздиктар биё, аз моҳиямон чашида бин, морро баъдтар медорӣ.
Ба суханҳои Раҳимака ҳама хандиданд. Ӯ бошад, барои он ки хиҷолат накашам, маро ба наздаш имо кард. Барои эътибори хосса хурсанд шуда, дар қатори бачаҳо ҷой гирифтам, ки ин даставвал боиси ҳасадхӯрии онҳо гардид. Дертар дар қатори онҳо ҷойгоҳи худро пайдо кардам…
Вақте моҳии охиринро дар оташ мепухтам, Раҳимака ба Отаҷон гуфт:
– Рав, аз пухтаҳои пештарааш гирифта биёр.
Отаҷон набераи ягонаи Қулмати ланг буд. Ҳашт сол дошт, лоғару бадбашара буд. Дар тифлӣ падараш аз олам гузашта, модараш ӯро ба бобояш монда, шавҳар карда будааст. Аз он рӯзгор дар наздикии рӯд, дар кулбаи фақиронаи бобояш зиндагӣ мекард. Деҳаи мо бузург аст. Дар як тарафи он рӯд, дар тарафи дигар дашти бепоён оғоз меёфт. Рӯд чуқур буд, ду ҳавзи оббозӣ дошт: яке васеъ, дигараш танг. Дар ҳавзи танг бачаҳои хурд ва дар ҳавзи васеъ бачаҳои синнашон калонтар оббозӣ мекарданд. Ҳамроҳӣ бо бачаҳои калон душвор буд. Мана, худи ман барои ба назди онҳо рафтан ҷуръат намекардам. Отаҷон хурд бошад ҳам, дар сафи калонҳо буд. Корҳои майда-чуйдаи онҳоро анҷом медод. Дуруст, ӯ танҳо дар ҷойи тунукоб оббозӣ мекард, чун дигарон миёни рӯд намерафт.
Ба синфи чорум гузашта бошам ҳам, ба сафи онҳо ҳамроҳ шуда наметавонистам, бинобар ин, ба Отаҷон бо чашми ҳасад нигоҳ мекардам.
Имрӯз, вақте атрофиён ба ҳамдигар ҳазлу шӯхикунон ба Отаҷон эътибор намедоданд, ба ӯ назар андохтам. Ӯ дуртар аз мо барои овардани моҳии пухта рафту ҳаял кард. Ногоҳ чашмам ба ӯ афтид, ки моҳии калонеро гирифта ба даруни рег гӯр мекард. Вай ба мо пушташро гардонда ҳаракат мекард, гумон мекардед, ки моҳиҳоро чинда монда истодааст. Ӯ моҳиеро гӯр карду боқимондаашро бардошта омад.
– Биё, дар ин ҷо шин.
Ӯро дар паҳлуи худ ҷой додани Раҳимака ба ман хеле алам кард. «Барои чӣ ба ин дузд эҳтиром мегузорад? Агар ҳозир парда аз рӯйи гуноҳи ӯ бардорам, боварии онҳо ба ман меафзояд. Балки ба сафи худ маро низ ҳамроҳ мекунанд», аз дил гузарондам.
– Бо чашмони худ дидам, ки чанде пеш Отаҷон моҳии калонеро дуздид.
Ҳама чашмашро калон кушода ба ман нигаристанд.

– Бале, ба таги рег гӯр карда баргашт,– гуфтаму ба Отаҷон нигоҳ кардам. Аз тарс ранги рӯйи ӯ канд, лабонаш пир-пир париданд.
– Рост мегӯяд, моҳиро дуздидӣ? Одати пешинаатро боз сар кардӣ? Магар фаромӯш кардӣ, гуфта будам, ки агар боз дуздӣ кунӣ, аз ман некиро интизор набош?!
Аз саволҳои ғазаболуди Раҳимака Отаҷон бештар ҳаросид ва ба маънои «не» сарашро оҳиста ҷунбонд.
– Фиреб медиҳад, Раҳимака. Ӯ ба шумо дурӯғ мегӯяд. Худам дидам, ки моҳиро гӯр кард, – барои исбот намудан аз ҷоям хестам ва рафта моҳиро аз таги рег берун оварда, ба назди бачаҳо партофтам. Раҳимака ғазаболуд аз ҷояш хест ва ба рӯйи Отаҷон бо зарб як мушт зад. Ӯ калавида ба замин афтид. Ҳама шах шуданд. Ҳеч кас ҷуръат намекард, ки Отаҷони афтодаро бардорад. Аз кори кардаам пушаймон шудам.
– Барои чӣ дуздӣ кардӣ?
Раҳимакаи дарғазабшуда аз гӯши ӯ кашида хезонд. Отаҷон чизе нагуфт. Ӯ лабу даҳон ва бинии хуншорашро бо дастони реголудаш пок мекард.
– Аз ту мепурсам, гап зан,– садо баланд кард Раҳимака.
– Амаки духтур ба хонаамон омада «аҳволи бобоят хуб не, чашмонаш торафт хира шуда истодааст, бисёртар моҳӣ хӯрданаш лозим», гуфта буд. Худам моҳӣ дошта наметавонам…
Отаҷон ҳунгос зада инони гиряро сар дод.
– Аз рӯзи ба мо ҳамроҳ шуданат, дуздӣ карда истода будаӣ-дия?
Раҳимака аз бозуи ӯ сахт дошта, ба худ наздиктар кашид. Отаҷон ба замин нигоҳ карда сари тасдиқ ҷунбонд.
– Аз худат бин, нонкӯр, ҳаромӣ!
Раҳимака бо тамоми қувва ӯро тела дод. Отаҷон чаппа шуда дароз афтид. Ба ӯ дили ҳама сӯхт. Ман бошам, дарунамро мехӯрдам. Аммо дер шуда буд, ба ғайр аз тамошобин шуда истодан дигар чорае надоштам.
– Ба ман нигоҳ кун,– Раҳимака ба мӯйи Отаҷони рӯйи замин хобида чанг андохта, сарашро бардошт.
– Ба бобои хирачашмат моҳӣ хӯронданӣ бошӣ, аз ин пас худат дор. Агар бори дигар дар ин ҷо гаштугузор карданатро бинам, пештар аз Қулмати ланг ба ҷаҳаннам равона мегардӣ. Фаҳмо?
Отаҷон хомӯш аз ҷояш хеста ба роҳ даромад.
– Исто!
Ӯ истод ва ба ақиб нигоҳ кард. Раҳимака моҳии реголудро ба ӯ ҳаво дод.
– Инро гирифта рав. Бобоят хӯрад, бе айнак ҳам медидагӣ мешавад, – пичинг зад ӯ. Отаҷон ба ҳаминаш ҳам хурсанд буд.
– Дарвоқеъ, дар ғори Сиёҳ моҳиҳои аз ин ҳам калонтар ҳастанд. Агар онҳоро дошта ба бобоят хӯронӣ, ҳеч гоҳ аз чашмонаш шикоят намекунад,– бо тамасхур гуфт Раҳимака.
– Наход дар ғори Сиёҳ чунин моҳиҳо бисёр бошанд? – Отаҷон ба Раҳимака бо ҳайрат нигоҳ кард. Чашмони маҳзуни ӯ якбора дурахшиданд.
Раҳимака аз нодонӣ ва соддагии Отаҷон ноаён табассум кард.
– Бале, рост, рафта онҳоро дор.
Отаҷон ба зарбаи калтак нигоҳ накарда, моҳиро гирифту ба тарафи хонааш тозон рафт…
Ҳамон рӯз барои иҷрои шарт расидагӣ накардам. Шом фаро расид. Ба хона омада, шаби дароз фикр кардам. Аз мор метарсам, натарсам ҳам, онро дошта наметавонистам. Пас, барои ба қатори калонҳо дохил шудан ҳоло вақт буд. Рӯзи дигар на ба назди онҳо, балки ба ҷойи оббозии ҳаррӯзаам рафтам. Боз ҳамон манзара. Дар оби кам, ки то зону меомад, боҳаловат оббозӣ кардан намешавад. Танҳо обро шалаппос занонда метавон гаштугузор кард. Илова бар ин, об, ки лойолуд шуд, тагаш наменамояд. Бадии дигараш дар он буд, ки аз бачаҳои акнун пой бароварда сар карда, то даҳсолаҳо дар ин ҷо оббозӣ мекарданд.
Дар болои рег дароз кашида хобам бурдааст. Ногоҳ аз садои баланди бачаҳо бедор шудам. Онҳоро ором кардан суде надошт. Гӯшҳоямро бо ду даст пӯшонда саъй кардам, ки эътибор надиҳам. То ҳол ҳамроҳи ин хурдакакон будан ба ман алам мекард. Аммо муносибати Раҳимакаро ба Отаҷон пеши назар оварда, аз наздик шудан ба калонҳо худдорӣ мекардам. Чӣ бояд кард? Дилам онҳоро мехост. Охир ба калтак хӯрдани Отаҷон худаш сабабгор аст-ку. Дуздӣ карда гашта будааст. Бо чунин андешаҳо боз ба назди бачаҳои калон раҳсипор шудам.
– Э, э, омадӣ? Фикр карда будам, ки ту аз мор тарсида расми харгӯшро кашидӣ.
Ба гапи Раҳимака ҳама хандид. Барои хиҷолат кашиданамро намоён накардан ба замин нигаристам. Раҳимака синфи даҳро хатм карда бошад ҳам, бачаҳои синнашон калонтар низ аз ӯ метарсиданд. Барои он ки гапи беҷо назанам, аввал хомӯш истодам, баъд:
– Майлаш, морро дошта ба гардани ланг мепечонам, – гуфтам диламро дошта.

– Не, шарт тағйир ёфт. Акнун ҳоҷати аз дунболи мор гаштан намонд.
Ман ҳайрон шудам. Аммо Раҳимака шӯхӣ намекард. Авзои ӯ ҷиддӣ буд, бемалол сигарет дуд мекард. Ғайричашмдошт гӯгирдро ба ман дароз кард.
– Хорҳои назди хонаи Қулмати лангро оташ мезанӣ, вақте ба боғи ӯ барои мевахӯрӣ медароем, ба пойҳоямон мехаланд. Натарс, наберааш дар хона нест, ҳеч кас намебинад.
Андаке фикр кардам. Чӣ тавр оташ мезанам? Раҳимака ин гуна шартҳоро чӣ хел фикр карда меёфта бошад-а?
– Худаш гунҷишк барин дил доштаӣ, аз ҳамроҳ шуданат ба мо чӣ фоида?
Ин суханҳо ба устухонам расиданд. Гӯгирдро аз дасташ гирифта ба ҷониби хонаи мӯйсафед давидам. Дар соҳили анҳор Отаҷонро дидам. Бо доштани моҳӣ банд буд. Хомӯш ва ғамгин буд ӯ.
Дар сатилчааш ғайр аз 2-3 моҳича дигар чизе набуд. Ба ӯ раҳмам омад. Сабаби ба ин ҳол афтодани ӯ ман ҳастам… Ӯ маро надид. Танҳо дар хаёлам аз ӯ узр пурсидам. «Андаке сабр кун, ба калонҳо ҳамроҳ шуда гирам, ба бобоят ҳар рӯз моҳӣ дошта медиҳам», гуфтам худ ба худ.
Рӯз ниҳоят гарм буд. Офтоб торафт месӯзонд. Гаштамро суст карда ба чордевори Қулмати ланг наздик шудам. Ба атрофи хона, боғ синчакорона нигоҳ кардам. Пирамард наменамуд. Пинҳонӣ ба паси ғарами янтоқ гузаштам. Сараки гӯгирдро оташ дардода зери хорҳо доштам. Зуд даргирифт. Ғарами офтобхӯрдаи янтоқ то дарунаш хушк будааст. Фурсате нагузашта ҳама ҷоро оташ фаро гирифт.
Дар назди оташ гарм шудам ва ба канор, ба сояи дарахт гузаштам. Оташ чарс-чурс сӯзад ҳам, аз мӯйсафед дарак набуд. Аз ба хубӣ анҷом ёфта истодани корам хурсанд шуда, ба роҳам пас гаштанӣ будам. Каме роҳ гашта ба пасам нигоҳ кардам. Дуди ба фалак печидаистодаро дида мӯйсафед тозон меомад. Ман аз тарс ба пеш тохтам. Аз мӯйсафед ҳеч гоҳ ин хел натарсида будам. То кӯпрук нарасидам. Худро ба рӯд андохтам. Бо ҳарос шино мекардам. Ба ҷойи чуқури рӯд омаданамро надониста мондам. Об маро гирифта мебурд. Ҳарчанд саъй мекардам, худро дошта натавонистам, об маро ба қаъраш мекашид. Фақат ҳаминро дар ёд дорам, ки рӯйи об баромада як бор нафас кашидам. Вақте ба ҳуш омадам, донистам, ки касе маро аз даруни гирдоб кашида баровардааст. Он кас Қулматбобо буд.
Ӯ ба пириаш нигоҳ накарда баҳри наҷот додани ман худро ба об партофта будааст. Ба тахтапуштам мезад то оби фурӯбурдаам барояд. Вақте ба худ омаданамро дид, беҳолона ба замин дароз кашид.
– Бачам, барои чӣ аз ман тарсида гурехтӣ? Магар ман ба ту бадиро мехоҳам? Барои об ба рӯд рафта истода будам, чаро эҳтиёт намешавӣ? Хуб шуд, ки дар вақташ туро дидам, – беҳолона пичиррос зад мӯйсафед.
Мӯйсафед чунон самимона ҳарф мезад, ки наметавонам бигӯям, ки он вақт маро чӣ эҳсосе фаро гирифта буд.
Ӯ оҳиста аз ҷо хест ва ба тарафи хонааш лангон-лангон равон шуд. Ман аз кори кардаам хеле шарм доштам. Ба худ ваъда додам, ки акнун ҳеч гоҳ ба бачаҳои калон ҳамроҳ намешавам. Ҳар рӯз ба Отаҷон, ки дар соҳили рӯд моҳӣ медошт, кӯмак мекардам. Аммо дуямон ҳам моҳигир набудем. Рӯзе чор-панҷ моҳича медоштему халос. Бачаи бечора бовар мекард, ки бобояш ҳар қадар бисёр моҳӣ хӯрад, чашмонаш ҳамон қадар рӯшан мешавад.
Пагоҳӣ модарам аз хона саросема мебаромад. Куҷо рафтанашро пурсидам.
– Ба таъзия меравам. Набераи Қулматбобо аз олам гузаштааст,– ҷавоб дод модарам.
Сарам торс кафидагӣ барин шуд.
– А-а?! – гуфтам дасти модарамро дошта. – Чӣ гуфтед? Барои чӣ мемурад?!
Модарам ботааҷҷуб ба ман нигоҳ кард.
– Писарам, чӣ, туро ҷин зад, магар? Барои оббозӣ ба нақб даромадааст. Шукр, ки аз он ҷо мурдаашро ёфтаанд. Тавба, бачаи ҷавон дар рӯд чӣ кор мекунад?…
Модарам ба тарафи дарвоза қадамашро тез кард.
Сарамро бо ду даст дошта ба замин нишастам. Изтироби дардовари тоқатнопазир вуҷудамро месӯзонд. Зеро ба ғори Сиёҳ барои чӣ даромадани Отаҷонро танҳо ман медонистам. Ӯ барои сиҳат ёфтани чашмони бобояш моҳии калонтарро доштанӣ буд…

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи Саодат БЕКНАЗАРОВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ