Байден гуфт, ки идораи корҳои хориҷиро ба кӣ мехоҳад супорад


Ҷо Байден, раисҷумҳури навинтихоби ИМА гуфт, ки мехоҳад Тони Блинкенро котиби давлати кишвар таъин кунад. Дар ин бора «The Hill» хабар дод.
Гуфта мешавад, ки Байден ҳанӯз дар ин бора ба сари қарори қатъӣ наомадааст. Аммо Тони Блинкен, ки муддати дароз бо Байден ҳамкорӣ ва дар маъмурияти Барак Обама низ кор кардааст, аз номзадҳои асосӣ ба ин мақом аст.
Ёдовар мешавем, рӯзи 3 ноябр дар ИМА интихоботи раисҷумҳурӣ баргузор шуд. Ҳанӯз натиҷаҳои поёнии интихобот ба сурати расмӣ эълон нашуд, вале аксарият ғалабаи Ҷо Байден, намояндаи ҳизби демократҳоро эътироф кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ