ПУРСИДАНД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ

ГИРИФТОРОНИ БЕМОРИИ ҚАНД ЧӢ ХЕЛ МАҲСУЛОТҲОРО ХӮРАНД ФОИДА ДОРАД

Вақтҳои охир даҳонам хушк шуда, тез-тез пешоб мекардам. Хастагию бемадорӣ маро маҷбур намуд, ки ба духтур равам. Табибон тақозо намуданд, ки хун супорам. Маълум шуд, ки ман ба тозагӣ ба касалии қанд гирифтор шудаам. Шунидам, ки ин бемориро бо усулҳои халқӣ низ табобат карда мешудааст, аз ҳамин хотир ба шумо муроҷиат намудам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ хӯрам, ки қандам баланд нашавад?

Мирзошариф, н. Ҷомбой

Посух

Ғаму дард, асабоният ва пурхӯрӣ боиси баланд шудани сатҳи қанд дар хуни инсон мегардад, бинобар ин, ба ҳар гапу кори майда-чӯйдае, ки дар атрофатон мешавад, аҳамият надиҳед. Бузургонамон беҳуда «Аз парҳез бархез» нагуфтаанд, агар ба парҳез риоя намоед, ин беморӣ шуморо сахт азият намедиҳад. Касоне, ки касалии қанд доранд, бояд аз хӯрдани кулча, нони сафед, хӯрокҳои сарравған, шириниҳо, ангур, хурмо, анҷир, харбуза, мавиз ва дигар меваҳое, ки глюкоза доранд, худдорӣ намоянд. Ба ҷойи оши палов хомшӯрбо, ба ҷойи гӯштбирёну торт олуболу, тути заминӣ, қарақот, лӯбиё, меваи настаран (ҳулул), анори туруш, сир (чеснок), пиёз, карам ва бодиринг хӯред. Дар радифи парҳез ман ба шумо се давои халқиро тавсия медиҳам, ки дар ҳар хонадон пайдо кардан мумкин аст. Ин давоҳо ба назар бисёр сода менамоянд, вале қанди хунро дар як муддати кӯтоҳ паст мекунанд.

  1. 6 дона пиёзи бехиро майда карда, дар бонкаи нимлитра андозед. Аз болояш оби ҷӯшидагии хунукшударо рехта, даҳони зарфро маҳкам кунед ва монед аз шаб то саҳар истад. Субҳгоҳон онро полонда, дар давоми рӯз кам-кам нӯши ҷон созед. Ин амалро муддати як ҳафта давом диҳед, қанди хунатон ба меъёр медарояд.
  2. 25 гр хамиртуруш (дрож)-ро бо як истакон ҷурғоти хонагӣ омехта карда, дар дили наҳор, яъне шиками гурусна хӯред. 10 рӯз ҳамин корро кунед, агар диабети типи якум дошта бошед, таъсири олиҷаноб мерасонад.
  3. Гречкаро обпаз карда, бенамак ба андозаи иштиҳо ва тавони худ дар давоми рӯз хӯрдан гиред. Муддати 10 рӯз гречка хӯред, қанди хун паст шуда, карахтию сангинии пойҳоятон нест мешавад. Аксарак дар ангушти пой ё дасти одамоне, ки ба касалии қанд гирфтор ҳастанд, яра баромада, баъдан захм фасод мегирад. Дар баъзе ҳолатҳо табибон илоҷи дигар наёфта, ангушти фасодгирифтаро мебуранд. Гречка аз он ҷиҳат муфид аст, ки хатари пайдо шудани захм ва гангренаро пешгирӣ менамояд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ