Боз як нафар дар Австралия қурбони ҳамлаи наҳанг шуд


Як марди шиновари 60-сола дар натиҷаи ҳамлаи наҳанг дар соҳили шимоли ғарбии Австралия кушта шуд.
Ҳангоме, ки мард шино мекард, наҳанг ба ӯ ҳамла кард. Дар натиҷа мард аз як дасти худ ҷудо шуд ва як пои дигараш низ сахт захмӣ шуд. Чанд нафар ба ёрии шиновар шитофтанд, ӯро аз об берун оваранд. Аммо мард то омадани шифокорон бар асари захмҳо фавтид.
Ҳоло дар ҷоҳи ҳодиса шиноварӣ манъ шудааст.
Дар якуним моҳи гузашта ин дувумин ҳодисаи ҳамлаи наҳанг ба одамон аст. Соли ҷорӣ ҳамагӣ 8 нафар дар Австралия қурбони ҳамлаи наҳанг шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ