Дар Британия ҷорӣ кардани “шиносномаи тандурустӣ” баррасӣ мегардад


Ҳукумати Британияи Кабир ҷорӣ кардани “шиносномаи тандурустӣ”-ро баррасӣ мекунад. “Шиносномаи тандурустӣ” ба касоне, ки бар зидди коронавирус эм шудаанд, дода мешавад. Дар ин бора рӯзномаи The Sunday Times навиштааст.
Бино ба ин ғоя, соҳибони “шиносномаи тандурустӣ” нисбат ба онҳое, ки аз эмкунӣ худдорӣ мекунанд, осонтар аз як кишвар ба дигар кишвар сафар хоҳанд кард.
Рӯзнома навишт, ки Борис Ҷонсон эҳтимолан рӯзи 23 ноябр дар порлумон баррасии масъалаи “шиносномаи тандурустӣ”-ро пешниҳод хоҳад кард.
Ҷорӣ шудани “шиносномаи тандурустӣ” метавонад як омили таҳриккунанда ба эмкунӣ бар зидди коронавирус бошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ