ИМА ба сурати расмӣ “Паймони осмони боз”ро тарк кард


ИМА аз имрӯз, 22 ноябр ба сурати расмӣ аз “Паймони осмони боз” хориҷ мешавад.
ИМА 6 моҳ пеш кишварҳои узви паймонро огаҳ карда буд, ки онро тарк мекунад. Вашингтон таъкид мекунад, ки риоя накардани Русия ба шартҳои паймон боиси ин иқдоми ИМА шудааст.
Аммо Маскав дар ҷавоб гуфт, ки ба ҳама шарти паймон, риояи он барои ҳама кишварҳои узв ҳатмӣ аст, қотеъона риоя мекунад.
Дар ҳоли ҳозир кишварҳои узви НАТО (ғайр аз ИМА), Шветсия, Финландия, Украина, Белорус ва Русия аъзои “Паймони осмони боз” мебошанд.
Акнун, низомиёни ИМА наметавонанд дар қаламрави ҳавоии чандин кишвар, пеш аз ҳама фазои Русия парвоз ва дар бораи сохтмонҳои низомии он маълумот ҷамъ кунанд. ИМА бо вуҷуди хориҷ шуданаш аз паймон дар чорчӯби НАТО ҳанӯз метавонад дар фазои кишварҳои узви он парвозҳои махсусро анҷом диҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ