Дар қуллаи Эверест низ зарраҳои микропластик пайдо шуд


Гурӯҳи олимони ҷаҳон дар таркиби барфу обе, ки аз наздикиҳои қуллаи кӯҳи Ҷамалунгма гирифтанд, зарраҳои пластикиро пайдо карданд. Натиҷаҳои тадқиқоти онҳо дар маҷаллаи One Earth чоп шуд.
Гурӯҳи олимон аз Британияи Кабир, ИМА ва Непал таҳти роҳбарии Имоҷин Нэппер, пажӯҳишгари донишгоҳи Плимут ин тадқиқотро анҷом доданд.
Қуллаи кӯҳи Ҷамалунгма (Эверест) яке аз ҷойҳои камшумори Замин ба ҳисоб мерафт, ки ҳанӯз тамаддуни башар ба он таъсир накардааст. Вале, рушди соҳаи сайёҳӣ пайомадҳои фаъолияти инсониро ба қуллаҳои ин кӯҳ низ бурд.
Зарраҳои пластикӣ, ки дар таркиби барфу буданд, дар майдоне пайдо шуд, дар баландии 8440 метр аз сатҳи оби дарё ҷойгир аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ