Дар маҳаллаҳои гузаронидани тадбири ватандӯстӣ идома дорад

Имрӯз, 23-юми ноябр, дар коллеҷи варзишии захираҳои олимпӣ аз ҷониби маҳаллаи Садафи шаҳри Самарқанд тадбири ватандӯстӣ таҳти шиори “Ӯзбекистони нав – ҷаҳонбинии нав” гузаронида шуд. Дар он вакили Шӯрои намояндагони вилоят Олим Пардаев, фахирёни маҳалла, шоирону омӯзгорон, сарояндаву варзишгарон иштирок карданд.
Дар аввали тадбир раиси маҳалла Усмонова Наргиза ба сухан баромада, ба бинандагон меҳмононро муаррифӣ кард ва сипас Олим Пардаев дар бораи имрӯзу дирӯзи кишварамон, мақсади гузаронидани тадбири “Ӯзбекистони нав – ҷаҳонбинии нав”, ислоҳотҳое, ки ҳоло дар ватан рух медиҳад, маълумот дод.
Дар давоми тадбир шеърхониву рақсу суруд ва баромадҳои варзишгарони ҷавон ба эътибори тамошобинон ҳавола гардид.
Пас аз он ба ҷавонони фаоли маҳалла ва варзишгарон, ки дар ин гуна тадбирҳои ватандӯстӣ иштирок мекарданд, ташаккурномаҳо супорида шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ