Доир ба барқарор намудани заминҳо дар минтақаи баҳри Арал озмун эълон гардид

Аз ҷониби як қатор ниҳодҳои байнулмилалӣ Озмуни байнулмилалии технологияҳои пешрафта 2021: барқарор намудани заминҳо дар минтақаи баҳри Арал эълон шуд.
Бонки ҷаҳонӣ, Форуми глобалии ландшафтҳо (намуди сатҳи замин), Донишгоҳи Қазоқистону Олмон (DKU), инчунин Plug and Play (P&P) ба қабули аризаҳо (дархостҳо) аз ҳамаи навоварони саросари дунё барои иштирок дар ин озмун оғоз мекунанд.
Озмун бо дастгирии Барномаи обиву энергетикӣ барои Осиёи Марказӣ (CAWEP) гузаронида шуда, ба амалисозии Барномаи осиёимарказии Бонки ҷаҳонӣ оид ба таъмини устувории манзараи сатҳи замин (ландшафт) RESILAND CA+ мусоидат менамояд.
Дар маълумоти Бонки ҷаҳонӣ қайд мешавад, ки то соли 1960 аз лиҳози андоза баҳри Арал чорумин дар ҷаҳон дониста мешуд.
“Аммо бар асари истифодаи қариб 30-солаи захоири обии он барои парвариши зироати кишоварзии сероб, аз қабили пахта ва шолӣ он қариб нест шудааст. Ин ба оқибатҳои фалокатбор барои муҳити зист ва иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ боис гардида, инчунин ба сатҳи некӯаҳволӣ ва вазъи солимии миллионҳо нафар мардуми маскуни ин минтақа таъсири манфӣ расонид”, — таъкид мешавад дар маълумот.
Гуфта мешавад, Ӯзбекистону Қазоқистон аз биёбоншавӣ ва пастшавии сифатнокии хоки заминҳо осеб мебинанд. Оқибатҳои фалокатбори Арал ба ҳосилнокии зироати кишоварзӣ, чорводорӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии маҳаллӣ таъсир мерасонад. Биёбони Аралқум, ки дар майдони 5,5 млн гектари қаъри пешинаи баҳр ба вуҷуд омада, қаламрави ҳар ду кишварро фаро мегирад, ба ин ҷараён ба таври назаррас суръат бахшид.
Ташкилотҳои дар боло зикршуда бар ин назаранд, ки озмуни эълоншуда ба ҷалби қарорҳои навоваронаи пешрафта, ки барои сабуксозии оқибатҳои манфӣ ба низомҳои экологии маҳаллӣ дар минтақаи баҳри Арал истифода мешаванд, инчунин қабули қарорҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди заминҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки кишварҳои поёноби дарёҳои фаромарзии минтақаи Осиёи Марказӣ қаблан чандин маротиба изҳор доштанд, ки хатари асосӣ барои баҳри Арал дар ҷузъ ва барои экологияи минтақа дар умум, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар кишварҳои болооб мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ