Аксари майдонҳои сохтмонии Самарқанд ҳуҷҷат надоранд

Дар ин бора муовини раиси вилояти Самарқанд оид ба рушди саноат, сохтмони асосӣ, коммуникатсия ва коммуналӣ А.Шукуров дар як семинар бо иштироки масъулини сохтмон сӯҳбат гузаронид.
Дар семинар қайд карда шуд, ки айни замон ҷорӣ намудани шиносномаҳои техникӣ дар сохтмонҳои минтақа, инчунин иҳотаи майдонҳои сохтмон бо монеаҳои муҳофизатӣ қаноатбахш нест. Меъёрҳои сифат, ки дар майдонҳои сохтмон муқаррар карда шудаанд, риоя карда намешаванд ва дар ҷойҳое, ки хонаҳои бисёрқабата сохта мешаванд, ягон шоурум (showroom) ташкил карда нашудааст. Инчунин дар сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва лоиҳаҳои намунавӣ дар баъзе минтақаҳо камбудиҳо зиёданд.

  • Дар натиҷаи як қатор қонуншиканиҳо дар бақайдгирии ҳуҷҷатҳои сохтмонӣ, сохтмони 250 иншоот дар минтақа қатъ карда шуд, — гуфт Шукуров. — Ҳоло ҳама гуна лоиҳаи сохтмон, ки ба меъёрҳои муқарраршуда мувофиқат намекунад, боздошта мешавад ва ба фаъолияти он қонунӣ баҳо дода мешавад. Масъулони сохтмони бинои бадсифат сохташуда дар назди мардум ҳисобот медиҳанд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ