Оё Русия қодир аст, ки ба Ҷопон ҳамла кунад?

Шабакаи Binkov’s Battlegrounds дар YouTube вазъро, ки Русия ва Ҷопон дар ояндаи наздик агар ҷангро оғоз кунад кадомаш устувор меояд, таҳлил кард.
Тибқи иттилои ин шабака, агар ҳарду кишвар бидуни кӯмаки ҳампаймонҳо ва силоҳи ҳастаӣ мубориза баранд ва ҷанг чанд сол тӯл кашад, Русия таҷҳизоти худро модернизатсия мекунад ва дар баҳру дар осмон назорат ба даст меорад.
Муаллифон қайд мекунанд, ки киштии ҳавопаймоии «Адмирал Кузнецов» -и Русия навсозӣ шуда истодааст. Ғайр аз он, системаи дифои зиддиҳавоии Ҷопон хеле боэътимод аст.
Ба гуфтаи ин шабака, агар ҷанг ҳамагӣ як сол идома кунад, Русия наметавонад тамоми Ҷопонро, балки танҳо чанд ҷазираро ишғол кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ