Эндокринолог: мардон бештар ба коронавирус гирифтор мешаванд

Табибон дар саросари ҷаҳон кӯшиш доранд табиати паҳншавии коронавирусро фаҳманд.
Донистани он,ки кадом гурӯҳҳои аҳолӣ бештар хатари гирифтор шудан ба ин бемориро доранд, метавонад ба пешгирии он мусоидат кунад. Зухра Павлова, эндокринологи клиникаи Донишгоҳи давлатии Маскав, номзади илмҳои тиб, гуфт, ки мардон, аз рӯи омор, бештар ба коронавирус гирифтор мешаванд. Духтур чунин мешуморад, ки ин ба хусусиятҳои эволютсионии одам вобаста аст. “Занҳо барои табиат ашёи арзишмандтаранд. Вай метавонад ҳомиладор бошад ва метавонад шир диҳад. Табиат занро бештар наҷот медиҳад ва ман ҳамчун эндокринолог инро мегуям», — шарҳ додааст Павлова. Яке аз сабабҳои осебпазирии мардон ба COVID-19, ба гуфтаи табиб, он буда метавонад, ки ретсепторҳои ACE2 дар бофтаҳои узвҳои репродуктивии мардон пайдо шудаанд, ки тавассути онҳо вирус ба организм ворид мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ