Билл Гейтс замони пандемияи навбатиро пешгӯӣ кард


Ба назари Билл Гейтс, асосгузори Microsoft баъди 20 сол эҳтимоли рӯй додани пандемияи дигаре вуҷуд дорад.
Ӯ гуфт, “Агар мо иқболе дорем, пандемия баъди 20 сол рух медиҳад. Аммо баъди се сол низ эҳтимоли рӯбарӯ шудани аҳли ҷаҳон бо пандемия мумкин аст”.
Ба фикри ӯ, ҷаҳон ба бемории хатарноки навбатӣ беҳтар омода мегардад.
Гейтс гуфт, “Ҳар як кишвар мисли Кореяи Ҷанубӣ ва Австралия кор мекунад. Маҳз ин ду кишвар дар ҷорӣ кардани карантин ва ташхиси аҳолӣ бо тест зуд ҳаракат карданд. Тестҳои мо нисбат ба ҳозир беҳтар мегарданд. Ҳамчунин, мо бори дувум аҳмақӣ нахоҳем кард”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ