Намояндагони динӣ дар Қирғизистон аз сарқонун берун кардани ибораи “давлати дунявӣ”-ро исрор мекунанд


Намояндагони динӣ дар Қирғизистон исрор мекунанд, ки аз сарқонуни кишвар ибораи “давлати дунявӣ” бардошта шавад. Дар ин бора Нооманҷон Аркабаев, намояндаи собиқ дар маълум кард.
Дар зимн, сиёсатмадор пешниҳод кард, ки дар Сарқонун ибораи “кишваре, ки илму маданияти пешрафта асоси он аст” илова карда шавад.
Ёдовар мешавем, чанде пеш Акин Токталиев, мудири кумитаи давлатии корҳои динии Қирғизистон низ пешниҳод карда буд, ки ибораи “давлати дунявӣ” аз сарқонун гирифта шавад, чунки, “98 дарсади аҳолии кишвар аҳли эътиқод ҳастанд”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ