Путин чаро то ҳол Ҷо Байденро табрик накардааст?

Русия интизори поён ёфтани муқовимати дохилии сиёсӣ дар Иёлоти Муттаҳида аст, ҳеҷ далели табрик накардани Маскав ба нафари пирӯз дар интихоботи президентии Иёлоти Муттаҳида вуҷуд надорад, гуфт президенти Русия Владимир Путин. Дар ин бора РИА Новости хабар додааст.
«Мехоҳам ба шуморо итминон диҳам, ки дар ин ҷо замина вуҷуд надорад — на ин ки касе писанд аст, касе писанд нест, мо танҳо интизори анҷоми муқовимати сиёсии дохилӣ ҳастем»,- гуфт Путин дар барномаи «Москва. Кремль. Путин»-и шабакаи телевизионии «Россия» зимни гуфтугӯ дар бораи табрикоти ғолиби интихоботи президентии ИМА.
«Мо ҳамаро эҳтиром мекунем: ҳам президенти феълӣ Трамп ва ҳам номзад ба ин мақом ҷаноби Байденро»,- гуфт президент.
«Аз ин рӯ, дар ин ҷо ҳеҷ мушкиле барои мо вуҷуд надорад. Хуб, корҳои сирф расмӣ бояд тибқи амалияи муқарраршуда ва ҷониби қонунии масъала анҷом дода шаванд. Дар ин ҷо ягон ғарази пинҳонӣ вуҷуд надорад ва ҳеҷ чизи ғайриоддӣ нахоҳад буд ё метавонад боиси вайроншавии минбаъдаи муносибатҳои мо гардад. Ин як ҷанбаи сирф расмии масъала аст»,- гуфт Путин.
«Мо бо ҳар нафаре кор хоҳем кард, ки мардуми Амрико ба онҳо эътимод дошта бошанд», — афзуд президент.
Ёдовар мешавем, қаблан котиби матбуотии сарвари давлати Русия Дмитрий Песков ба хабарнигорон гуфта буд, ки Путин президенти тозаинтихоби Амрикоро пас аз эълони расмии натиҷаҳои интихобот табрик хоҳад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ