Масъулон аз мазмуну моҳияти фармонҳо бохабаранд?

Имсол барои санҷидани омодагии мактабҳо ба мавсими тирамоҳ зимистони солҳои 2020-2021 гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуда, фаъолияти ҳар як мактаб омӯхта мешавад.
Вазифаи гурӯҳ аввал ба вазъи мактабҳо назар афканда, сипас барои онҳо шароити хубро фароҳам овардан аст. Аммо, баъзе мактабҳое ҳастанд, ки шароити хуб доранду аз он дуруст истифода бурда наметавонанд. Баъзеҳояшон пас аз омӯхтани “коммисия” ба тарафи нағз рӯ оваранд, ба дигаре ин чорабиниҳо низ таъсир мекунад.
“Дар бораи фармону қарорҳо, оиди рушди соҳаи таълим ки ба қарибӣ аз тарафи Президентамон имзо гардидаанд», чӣ гуфта метавонед?
Мо бо чунин суол ба директор ва ҷонишинҳои мактабҳои 13, 53-и шаҳри Самарқанд, 33-и ноҳияи Ҷомбой, 4, 20, 61-уми ноҳияи Булунғур муроҷиат кардем. Афсӯс, ки онҳо ба саволи мо ҷавоб дода натавонистанд. Мо нагуфтем, ки дар ин ё он банди фармони Президент чӣ гуфта шудааст? Дар шабакаҳои интернету торномаҳо дар ин бора 24 соат сӯҳбат мекунанду баҳсу мунозараҳо ба миён меояд. Наход онҳо ба ҳамаи ин бефарқ бошанд?
Дар баъзе мактабҳо, директор ва ҷонишинҳои онҳо, аз ҷумла дар мактабҳои 53, 65, 31, 74, 75-и шаҳри Самарқанд, 3, 4, 14, 53, 61, 71-и ноҳияи
Булунғур ва мактаби рақами 33-и ноҳияи Жомбой аз оғози соли хониши ҷорӣ то ҳол як соат ҳам ба таҳлили дарс надаромадани масъулон маълум гардид. Дар асл, ҳафтае 4 маротиба таҳлил кардани дарс ӯҳдадории онҳо мебошад.
Натиҷаи чунин лоқайдӣ аст, ки аз ин мактабҳо як ё ду нафар хатмкунандагон ба муассисаҳои таълими олӣ дохил мешаванд.
Инчунин, ҳангоми санҷиши мактабҳо гурӯҳ ба давомоти хонандагон низ таваҷҷӯҳ карда, ба тарзи рафти хониши онлайну оффлайн шинос шуданд.
Барои бартарафсозии тамоми камбудиҳое ки ба назар расиданд, баробари аз ҷиҳати амалӣ кӯмак расонидан, огоҳӣ дода шуд. Ба директору ҷонишинҳои мактабҳо маҷбурияти лавозим фаҳмонида шуд ва ба ҳолатҳои лоқайдӣ хотима додан таъкид гардид.
Корҳои омӯзишӣ дар мактабҳо идома медиҳад.
Хизмати ахбори Садорати таълими халқи вилояти Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ