Ӯзбекистон аз Бонки сармоягузории Аврупо $100 миллион қарз мегирад


Ӯзбекистон аз Бонки сармоягузории Аврупо 100 миллион доллар қарз мегирад. Дар ин бора qalampir.uz хабар дод.
Муҳлати пардохти ин кредит 15 сол аст. Ин қарз барои дастгирии ширкатҳои хурду хусусӣ, ки дар даври пандемия зарар дидаанд, сарф мешавад. Панҷ соли аввали пардохти қарз муҳлати боимтиёз мебошад.
Қарори Девони Вазирон – “Дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи “Дастгирии фавқулоддаи ширкатҳои хурду хусусӣ дар даври пандемия дар Ӯзбекистон” бо ҳамин мақсад қабул шуд.
Лоиҳаи дастгирии тадбиркорон дар солҳои 2020-2022 амалӣ мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ