Ҷараёни интиқоли ҳукумат аз Трамп ба Байден оғоз шуд


Доналд Трамп раисҷумҳури ИМА рӯзи 23 ноябр ба Эмили Мёрфи, раиси идораи масъалаҳои умумии маъмурияти ИМА ва ва аъзои дастгоҳи иҷрои худ дастур дод, ки корҳои вобаста ба интиқоли ҳукуматро ба маъмурияти нав оғоз кунанд. Дар ин бора ӯ дар сафҳаи худ дар Твиттер навишт.
Трамп гуфт, ки ҷараёни интиқоли ҳукумат дар амал оғоз шуд.
Вале, ӯ дар ин паёмаш мағлубияти худро дар интихоботи раисҷумҳурӣ эътироф накард ва афзуд, ки “кори мо қотеъона идома дорад, бо чунин рӯҳия кор мекунем”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ