Дар сессияҳои ғайринавбатӣ масъалаҳои ташкилӣ дида шуданд

Рӯзи 21-уми ноябр дар ҳокимияти ноҳияи Нарпай сессияи ғайринавбатии Шӯрои намояндагони халқи ноҳия баргузор гардид.
Дар сессия ҳокими вилоят Э. Турдимов дар бораи корҳое, ки барои ривоҷдиҳии иҷтимоӣ-­иқтисодии ноҳия амалӣ шудаанд ва вазифаҳои оянда ҳарф зад.
Дар ноҳия барои моҳҳои январ-­октябри соли равон 61,5 миллиард сӯмина даромади буҷет муайян гардида, дар амал пардохти 67,3 миллиард сӯмина таъмин карда шудааст. Вале нақшаҳои пешбинишуда (прогноз)-и даромаде, ки аз шахсони ҷисмонӣ гирифта мешаванд, фоидае, ки шахсони юридикӣ медиҳанд, андозҳои молу мулк ва истифода аз захираҳои зеризаминӣ иҷро нашудаанд.
Ҳокими вилоят дар бораи вазифаҳое, ки дар назди мутасаддиёни ноҳия ва намояндагони халқ истодаанд, низ сухан гуфт. Аз ҷумла, таъкид кард, ки корҳо роҷеъ ба бизнеси хурд ва тадбиркорӣ, минтақаҳои хурди саноатӣ ва содироти маҳсулот ба бозорҳои хориҷа хеле бисёранд. Инчунин, худро бо шуғле банд кардани аҳолӣ, дар ин самт масъалаи самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ба эътирози барҳақи ҳокими вилоят сабаб шуданд.
Дар сессия Ботир Ҷабборов, ки аз соли 2017 ин ҷониб ҳокими ноҳияи Нарпай буд, аз сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ҳокими ноҳия сабукдӯш гардид.
Шерзод Раҳмонов иҷрокунандаи вазифаи ҳокими ноҳия тасдиқ карда шуд.


Ҳамон рӯз дар ҳокимияти ноҳияи Ургут низ сессияи ғайринавбатии Шӯрои намояндагони халқи ноҳия баргузор гардид.
Ҳокими вилоят Э. Турдимов дар бораи корҳое, ки барои ривоҷдиҳии иҷтимоӣ-­иқтисодии ноҳия амалӣ шудаанд ва саҳву норасоиҳое, ки роҳбарияти ноҳия ба онҳо роҳ додааст, ҳарф зад. Аз ҷумла, таъкид кард, ки М. Турдиев ҳангоми иҷрои вазифаи ҳокими ноҳия дар аввали фаъолияти худ ба як қатор натиҷаҳои мусбӣ муваффақ шуд. Вале сипас сарфи назар аз он ки донишу таҷрибаи кофӣ дошт, дар фаъолияти ӯ ҳолатҳои манфие чун беэътиборӣ ва ба вазифаҳои гузошташуда муносибати рӯякӣ пайдо гардида, сари як мақсад муттаҳид ва сафарбар кардани фаъолони ноҳия суст шуд. Ин дар навбати худ суръати инкишофи иҷтимоӣ-­иқтисодии ноҳияро кам кард.
Мисол, аз 189,2 ҳазор нафар аҳолии ба меҳнат лаёқатманд 21,6 ҳазор нафари онҳо бекор ва дараҷаи бекорӣ 11,4 фоизро ташкил мекунад.
Ноҳияи Ургут аз рӯйи нишондиҳандаи ба таълими олӣ дохил шудани хатмкунандагони мактабҳо дар вилоят дар ҷойи охирини 16-ум аст. Аз 7312 нафар хатмкунандагони мактабҳои ноҳия 346 нафарашон (4,7 фоиз) ба донишҷӯй шудаанд.
Аз 143 мактаб 125-то ё ки 87,4 фоизи онҳо ба шабакаи интернетӣ пайваст нашудаанд. Ноҳия ба 217 нафар омӯзгор эҳтиёҷ дорад.
– Дар асл ҳалли ҳар як муаммое, ки гуфтем, дар дасти худамон аст, – гуфт ҷонишини раиси Шӯрои намояндагони халқи ноҳия Сурайё Аҳмадова. – Барои ин роҳбарони соҳаҳо масъулиятро ҳис карда, корро дар асоси талаби имрӯза бояд ташкил кунанд.
Мисол, ҳоло ҳар як мактаби вилоят бо муассисаи таълими олӣ робитаро ба роҳ мемонад. Ғайр аз ин, дар деҳаҳои калоне чун Ғӯс ва Ӯрамас дар рӯзҳои муайяни ҳафта қабули духтурони соҳибтаҷриба ташкил карда мешавад.
Дар инкишофи иҷтимоӣ-­иқтисодии ноҳия намояндагони халқ ҳам мавқеи алоҳида доранд. Бинобар ин, ҳар рӯзи ҷумъаи ҳафта рӯзи кор бо намояндагони халқ муайян гардид. Ҳамин тавр дар ҳар як ҳавза, деҳа ва маҳалла назорати намояндагони халқ ба роҳ гузошта мешавад.
Дар сессия Мамадҷон Турдиев аз вазифаи ҳокими ноҳия озод карда шуд. Ботир Ҷабборовро ҳокими ноҳияи Ургут тасдиқ карданд.


Дирӯз дар ҳокимияти ноҳияи Каттақӯрғон низ сессияи ғайринавбатии Шӯрои намояндагони халқи ноҳия доир гардид. Дар сессия ҳокими вилоят Э.Турдимов, вакилони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, депутатҳо иштирок карданд.
Ба сухан баромадагон доир ба салоҳияти иқтисодии ноҳияи Каттақӯрғон ҳарф заданд. Зикр гашт, ки солҳои охир дар ҳудуди ноҳия корҳои зиёди бунёдкорӣ амалӣ гардиданд ва дар доираи барномаҳои давлатӣ чорабиниҳои муҳим андешида мешаванд.
Дар идомаи кори сессия масъалаи ташкилӣ дида шуд.
Аз тарафи депутатҳо номзади Насриддинов Ҷамшед Тӯлқинович чун иҷрокунандаи вазифаи ҳокими ноҳия тасдиқ гардид. Бояд гуфт, ки Ҷ.Насриддинов то ҳол чун ҷонишини сарвари Садорати хоҷагии қишлоқи вилоят адои вазифа мекард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ