Ба Девони Вазирон аз рӯйи буҷа ваколатҳо дода мешавад

Ба Девони Вазирон аз рӯйи масъалаҳои буҷа як қатор ваколатҳо дода мешавад. Дирӯз, 24-уми ноябри соли ҷорӣ маҷлиси навбатии Палатаи Қонунофарии Олий Маҷлис шуда гузашт. Дар он намояндагон лоиҳаи қонун «Дар бораи буҷаи давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои соли 2021» -ро дар хониши аввал дида баромаданд. Ба аъзои Парламент якҷо бо лоиҳаи қонун прогнози самтҳои асосии ривоҷдиҳии иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар солҳои 2022-2023 ҳам тақдим гардид. Дар лоиҳаи қонун як қатор дигаргуниҳо ба соҳаи буҷа ба назар мерасад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ