Наталя Бонк, муаллифи усули маъмули таълими забони англисӣ, вафот кардВай 96-сола буд

Наталя Бонк, муаллифи методикаи таълими забони англисӣ, ки дар СССР ва Федератсияи Русия маъмул аст, дар соли 97-уми ҳаёташ вафот кард. Дар ин бора дар сайти Институти адабии ба номи М.Горкий хабар дода шудааст.

«21-уми ноябри соли 2020, дар соли 97-уми ҳаёт, як шахси афсонавӣ, муаллифи усулҳои машҳури таълими забонҳои хориҷӣ, забоншиноси барҷаста, профессори Институти адабӣ Наталя Александровна Бонк (1924-2020) моро тарк кард», — гуфта мешавад дар паём.

Наталя Бонк бо муаллиф Наталя Лукьянова ва Галина Котий «Китоби дарсии забони англисӣ» навиштааст. Вай инчунин муаллифи китоби дарсии «Англисӣ қадам ба қадам» мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ