Дар Испания беш аз 300 нафар наҷот дода шуданд

Хадамоти наҷоти баҳрӣ ва Гвардияи шаҳрвандии Испания беш аз 300 муҳоҷиреро, ки дар баҳр монда буданд, наҷот доданд. Дар ин бора хадамоти изтирории ҷазираҳои Канар хабар додааст.
«Дирӯз Хадамоти наҷоти баҳрӣ ва мудофиаи шаҳвандӣ зиёда аз 300 муҳоҷирро дар баҳр бо 11 киштӣ наҷот доданд», — омадааст дар гузориш.
Бино ба гузоришҳо, табибон муҳоҷиронро ташхис карда, марги яке аз онҳоро тасдиқ кардаанд. Боз шаш нафари дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Қаблан, ҳукумати Испания вазъи фавқулоддаро вобаста ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ҷазираҳои Канар эътироф карда буд. Испания аз соли 2006 инҷониб бузургтарин вуруди муҳоҷиронро ба ҷазираҳои Канария эҳсос мекунад — дар давоми як моҳи охир беш аз 8000 африкоиҳо тавассути баҳр ба ҷазираҳо омадаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ