Япония барои рушди Афғонистон $720 миллион ҷудо мекунад


Дар шаҳри Женева дар мавзӯъи Афғонистон конфронси байналмилалӣ баргузор шуд. Япония дар ин конфронс эълон кард, ки дар солҳои 2021-2024 барои бозсозии Афғонистон 720 миллион доллар ёрии бебозгашт медиҳад.
Мотеги Тошимитсу, вазири корҳои хориҷии Япония гуфт, ки кишвараш дар гузашта низ барои бозсозии Япония садҳо миллион доллар ҷудо кардааст ва дар оянда низ ин корро идома хоҳад дод.
Ӯ афзуд, ки барои идома ёфтани музокираҳои ҳукумати Афғонистон ва Толибон бояд дар кишвар режими оташбас ҷорӣ шавад.
Вай гуфт, “Бовар дорем, ки музокираҳо роҳ ба сӯи сулҳи барқарор дорад”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ