Кодекси ҳифзи тандурустӣ кор карда шуд

Аз ҷониби Вазорати ҳифзи тандурустӣ лоиҳаи кодекси ҳифзи тандурустии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон кор карда ва ба муҳокима гузошта шуд. Дар ҳуҷҷат қонунҳои дарамалбуда, қарорҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии оид ба соҳаи ҳифзи тандурустӣ муттаҳид ва якхела кунонда шудааст. Ҳуҷҷат аз 21 боб ва 180 модда иборат мебошад. Ба лоиҳаи кодекс терминҳои асосии соҳаи ҳифзи тандурустӣ ва шӯъбаҳои фаҳмишҳо ҳам дароварда шудааст. Ташкил кардани сохтори ҳифзи тандурустӣ ва ёрии тиббӣ батафсил инъикоси худро ёфтааст. Дар кодекс ба тартиб даровардани соҳаи тиббиёт ва муайян кардани навъ ва ҳаҷми хизматҳо дар назар аст. Дар лоиҳа аз ҷониби давлат ба тартиб даровардани идораи соҳа, тартиби назорат дар муассисаҳои тиббӣ, инчунин дар соҳаи ҳифзи тандурустӣ амалигардонии ҳамкории байниидоравӣ оварда шудааст. Дар кодекс шӯъбаҳои баёнкунандаи механизмҳои молиякунонии сохтори ҳифзи тандурустӣ ҳам мавҷуд. Ба ғайр аз ин, ташкили назорати санитариву эпидемиологӣ батафсил дида мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ