СабирАлоэ афзоиши бактерияҳоро пешгирӣ мекунад


Ватани алоэ Африқо буда, ба мамлакати мо якчанд аср пеш омадааст.
Ҳоло дар мамлакати мо намудҳои гуногуни алоэ мавҷуданд.
Онро дар хонаҳо ҳамчун растании ороишӣ ва шифобахш парвариш мекунанд.
Тақрибан 180 намуди ин гиёҳ маълум аст.
Аз барги алоэ дар табобати захмҳои гуногун, пӯсти сӯхта, гастрит ва колит истифода мебаранд.
Дар тибби халқӣ барги алоэ ва афшураи онро ҳангоми табобати бемориҳои гуногун: захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, сили шуш ва ғайра кор мефармоянд.
Дорои моддаест, ки афзоиши бактерияҳоро пешгирӣ мекунад.
Ҳамин аст, ки вақти газидани занбӯри асал барги онро бурида, ба ҷойи дардноке мегузоранд, то ки мадда накунад. Инчунин, заҳри занбӯри асалро нест мекунад.
Барои истифода дар тиб афшура аз баргҳои тозаи ҷамъоваршудаи алоэ гирифта мешавад ва бо спирт консерв карда мешавад.
Шарбат хусусияти бактеритсидӣ дорад ва дар табобати сӯхтан, захмҳои сироятӣ ва дигар, инчунин баъзе бемориҳои меъда ва рӯдаҳо (колит, гастрит ва ғ.) истифода мешавад.
Эмулсияи алоэ барои ислоҳи бемориҳои пӯст (эпидермиси хушк ва тар) ва инчунин сӯхтани 2-3 дараҷа дар натиҷаи табобати сабук истифода мешавад.
Дар бемориҳои занона низ афшураи барги алоэ барои табобат истифода мешавад.
Ин на танҳо растании шифобахш, балки иштиҳакушо низ мебошад.
Тарҷима ва таҳияи Л.РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ