Дар 7 ҳудуди шаҳри Самарқанд арчаи солинавӣ мегузоранд


Бо мақсади хуш пазируфтани соли нави 2021 дар 7 ҳудуди шаҳри Самарқанд арчаи идонаи солинавӣ гузошта мешавад. Дар атрофи он аз 15 -уми декабри соли 2020 то 15 -уми январи соли 2021 гузаронидани тадбирҳои идона, намоишҳои консертӣ, дастурҳои дилкушо ба нақша гирифта шудааст.
Арчаҳои солинавӣ асосан дар шаҳрчаи Кимёгарлар, Сӯлим ва Фарҳод (пасёлка) инчунин, дар назди театри мусиқавию драмавии вилоят, вокзали роҳи оҳан, мавзеи Сартепа ва Қорасув ҷойгир карда мешавад.
Аз рӯи маълумоти хизмати ахбори ҳокимияти шаҳри Самарқанд, ҳоло дар ин ҳудудҳо корҳои ҷобаҷогузории арчаҳои солинавӣ оғоз ёфтааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ