Русия аз Ӯзбекистон хариди помидор ва қаланфурро қатъ кард


Хадамоти федералии назорати байторӣ ва фитосанитарии Русия аз 26 ноябр воридоти помидор ва қаланфури истеҳсоли вилояти Фарғонаи Ӯзбекистонро манъ кард.
Кашф шудани тобамовирус – (Tomato brown rugose fruit virus) дар таркиби помидор ва қаланфурҳои истеҳсоли Фарғона сабаби ин иқдом шудааст.
Хадамот барои пешгирӣ аз ворид шудану паҳншавии ин вирус дар Русия чунин чора дидааст.
То кай идома ёфтани муҳлати қатъи воридоти ин маҳсулоти кишоварзӣ аз Фарғона ҳанӯз маълум нест.
Тобамовирус ба киштзор осеб мерасонад, дар баргҳои ниҳоли сабзавот доғ пайдо мекунад ва шакли ҳосилро вайрон мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ