Темур Кападзе: «Дар ҷавониамон «Ман Марадона» гуфта мегаштем

Сармураббии Ҷамоаи ҷавонони Ӯзбекистон Темур Кападзе дар бораи афсонаи футбол Диего Марадона, ки рӯзи 25-уми ноябр вафот кард, фикрҳои худро баён кард. «Аз ҳаёт даргузаштани Марадона барои тамоми дунёи футболи олам гумкунӣ аст. Дар ҷавониамон «Ман Марадона» гуфта мегаштем. Вай ва Пелеро шоҳи футбол медонистем. Тӯби ба дарвозаи Ҷамоаи Англия даровардаи ӯро аз ёд бароварда намешавад. Ҷавонони имрӯза вайро намешиносанд. Онҳо Месси ва Роналдуро мешиносанд. Аммо дар даври мо Бастен, Клюйверт, Зидан ва дигарон буданд. Марадона мавқеи худро соҳиб аст. Мо афсонаҳои мазкурро дида калон шудем. Марадона барои футболбозҳо дар таърих мемонад. Ӯ ҳеҷ вақт фаромӯш намешавад»-гуфтаааст Кападзе ба мухбири «Tribuna.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ