Дар Тирмиз маркази такмили ихтисоси кормандони тиббии Ӯзбекистон ва Афғонистон бунёд мегардад


Дар нимаи дувуми соли 2021 дар шаҳри Тирмиз барои такмили ихтисоси ҳамшираҳои ӯзбекистонӣ ва афғонистонӣ маркази махсус фаъолияти худро оғоз мекунад.
Ин масъала дар мулоқоти Танзила Норбоева, раиси Сенати порлумон ва Гюнтер Лео Оверфелд, сафири Олмон дар Ӯзбкистон баррасӣ шуд.
Дар мулоқот гуфта шуд, ки Олмон соли оянда дар шаҳри Тирмиз сохтусози як маркази омӯзишии тиббӣ сармоягузорӣ мекунад. Дар ин марказ кормандони тиббии Ӯзбекистон ва Афғонистон донишу таҷрубаи худро такмил хоҳанд кард.
Дар умум, Олмон барои рушди соҳаҳои ҳифзи тандурустӣ ва ғайра дар даври пандемия дар Ӯзбекистон 180 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ