Ҷуфти Байден барои эътимод ба онҳо ташаккур гуфтанд

Президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден ва ҳамсари ӯ Ҷилл ба ҳамаи амрикоиҳое, ки бо пандемияи коронавирус мубориза мебаранд, ташаккур гуфтанд. Дар ин бора CNN хабар додааст.

Онҳо амрикоиҳоро бо Рӯзи сипосгузорӣ, ки дирӯз, 26-уми ноябр таҷлил карда шуд, табрик гуфтанд.

«Мо аз табибоне, ки муддати тӯлонӣ кор кардаанд ва худро аз оилаҳояшон ҷудо кардаанд, миннатдорем. Мо бояд ба муаллимоне, ки қариб дарҳол ба таҳсилоти фосилавӣ мутобиқ шудаанд, ташаккур мегӯем» гуфтанд Ҷо ва Ҷилл Байден.

Онҳо инчунин ба олимоне, ки ҳама чизи заруриро барои мубориза бо коронавирус дар соли ҷорӣ омӯхтаанд ва ҳоло дар болои ваксина кор мекунанд, изҳори сипос карданд.

Барои маълумот, Рӯзи сипосгузорӣ дар ИМА рӯзи панҷшанбеи чоруми моҳи ноябр таҷлил карда мешавад.

Интихоботи президентии ИМА рӯзи 3-уми ноябр баргузор шуд. Ҷаласаи Коллегияи интихобкунандагон барои эълони номи президенти Иёлоти Муттаҳида рӯзи 14-уми декабр баргузор мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ