Пешгирии вабои аср – вазифаи ҳамагон

Ба таъсиси Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди синдроми норасоии иммунитети инсон (СНИИ) 32 сол пур шуд. Ин рӯзро дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон қайд мекунанд. Дар ин рӯз барои паҳн нагаштани бемории мазкур тадбирҳои муфид гузаронида мешавад. Корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ бурда, бар асоси маълумоти мавҷуд зарару оқибатҳои ногувори синдроми норасоии иммунитети инсонро ба аҳолӣ мерасонанд.
Мувофиқи маълумоти пешниҳодкардаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар рӯйи замин қариб 40 миллион нафар ба ин бемории бедаво гирифтор шудаанд. Суръати паҳншавии он низ хеле баланд аст. Ба ин беморӣ дар як соат бештар аз 300 нафар, дар як рӯз 7000 ва дар давоми 1 сол қариб 2,5 миллион нафар мубтало мегарданд. Бо вуҷуди он, ки барои пешгирии ин беморӣ дар ҷаҳон кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода мешаванд, ҳоло натиҷаи дилхоҳ ба даст наомадааст. Сабаб он аст, ки бар зидди инфексияи СНИИ эмдору ва доруву дармонҳои самарабахш кашф нашудаанд. Илова бар ин, назорати манбаи инфексия ва роҳҳои сирояти он хеле душвор мебошад.
Ҳар як шахс бояд донад, ки бемории СНИИ асосан бо 3 роҳ ба одам мегузарад:

  1. Бо роҳи поренталӣ, яъне дар вақти гузарондани хун ва увзвҳои гирифторони бемории СНИИ, ҳамчунин, аз кор фармудани асбобу ускунаҳои гуногун, аз қабили воситаи сӯзандору, асбобҳои тиббӣ, сартарошӣ, педикюру маникюри нохуни дасту пой, татуировка, сӯзану риштаҳои сӯрохкунии гӯши занону духтарон, чӯткаи дандоншӯйӣ ва ғайра.
  2. Бо роҳи алоқаи ҷинсӣ.
  3. Бо роҳи вертикалӣ – ҳангоми таваллуд кардани занҳои гирифтори ин беморӣ ва макондани кӯдак.
    Аз ин чунин хулоса бармеояд, ки вируси СНИИ дар таркиби хун, моеъи органҳои ҷинсӣ ва шири модар мавҷуд буда, онҳо хеле хатарнок ба ҳисоб мераванд. Одамоне, ки ба ин касалӣ гирифтор мегарданд, аввал худро солиму бардам ҳис мекунанд. Чунки вируси номаълум дар бадани одам реша медавонад. Баъдтар, он шадидтар гардида, ба бемории дигари сахт гирифтор сохта, одамро аз по меафтонад. Нишонаҳои аввалини ин касалии бедаво: беҳуда ва бесабаб гармшавии ҳарорати бадани одам мебошад. Он то як моҳ давом карданаш мумкин аст. Эҳтимоли аз як моҳ зиёдтар сулфа кардани бемор ҳам вуҷуд дорад. Вазни бадан беасос кам шуда, бесабаб 1–2 моҳ дарунрав мешавад. Лимфағадудҳои гардан, зери китф ва байни пойҳояш калон мешавад. Бояд ҳар касе, ки ин нишонаҳоро мушоҳида мекунад сари вақт ба шифокор муроҷиат намояд ва хуни худро аз санҷиши лабораторӣ гузаронад. Роҳи ягонаи муайян кардани ин беморӣ санҷиши лабораторӣ мебошад.
    Дар мамлакати мо барои аз инфексияи норасоии иммунитети инсон огоҳ намудани аҳолӣ ва пеш бурдани чораву тадбирҳои самарабахш Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди бемории СНИИ, ки аз вируси норасоии иммунитети инсон ба вуҷуд меояд» аз 23-юми сентябри соли 2013 таҳти рақами 353 қабул гардидааст. Он аз 28 модда иборат буда, мутобиқи он барои ҳар як ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ чораву тадбирҳои мақсаднок нишон дода шудааст. Барои иҷрои қонун ва қарорҳои давлату ҳукумат маблағ ҷудо гардид. Аз ҷумла, лабораторияи Маркази вилоятии мубориза бар зидди бемории СНИИ бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва дорувориҳои ташхисӣ таъмин карда шудааст.
    Барои ба ин беморӣ гирифтор нашудан, аввало, ходимони тиб бо ҳамкории ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаҳо, ходимони шӯъбаҳои корҳои дохилӣ, таълими халқӣ, ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ ва ғайра дар байни мардум доир ба пешгирии он корҳои тарғиботиро бояд вусъат диҳанд. Никоҳшавандагон пурра аз санҷиши тиббӣ гузаранд. Дар сартарошхона, салонҳои зебоии занон ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ қатъӣ риоя намоянд. Дасти писарбачаҳо дар духтурхонаҳо ҳалол карда шавад. Ба нашъамандон ва онҳое, ки ҳаёти номураттаб доранд, сахттар эътибор дода шавад.

Баён ТЕМУРОВ,
духтур-­эпидемиологи Маркази мубориза бар зидди синдроми норасоии иммунитети инсонии вилоят, шифокори тоифаи олӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ