Забономӯзӣ – талаби замон

Моҳи ноябри соли ҷорӣ дар мактабҳои ҳамагонии саросари кишвар моҳонаи фанни забонҳои англисӣ ва русӣ гузаронида мешавад.
Дар доираи моҳонаи фанни забони англисӣ дар мактаби мо низ санҷишҳои гуногун ва чорабиниҳои муфид гузаронида шуда, барои ошкорсозии камбудиҳо ва бартараф намудани онҳо машғулотҳои иловагӣ доир гардид.
Аз ҷумла, дар байни хонандагони синфҳои 5–8 таҳти роҳбарии муаллима Зарнигор Мирзоқандова дар мавзӯи «Тирамоҳ дар мамлакати мо» («Autumn in our country») озмуни расмҳо баргузор гардид. Инчунин, миёни хонандагони синфҳои 9–11 таҳти роҳбарии Истода Ҳамроева озмуни иншоҳо дар мавзӯи «Ӯзбекис­тон – зодгоҳи ман!» («Uzbekistan is my hometown») гузаронида шуд.
Аз тарафи муаллимони забони англисии мактаб дарсҳои кушод ташкил гардида, омӯзгорон бо ҳам таҷриба иваз намуданд.
– Зиндагии оянда аз насли наврас саводу маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ, донистани техникаву технологияи замонавӣ ва дар баробари ин ҳама забондониро талаб мекунад, – мегӯяд ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ Шоира Сайфиева. – Дар ҳақиқат, дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи хонандагон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Беҳуда нагуфтаанд, ки забон донис­тан, ин ҷаҳонро донистан аст. Бо ҳамин мақсад дар доираи моҳонаи фанни забони англисӣ дар мактаб як қатор тадбирҳои муфид гузаронида шуд, ки барои бештар намудани таваҷҷӯҳи донишомӯзон ба забономӯзӣ хизмат мекунад.
Дар охири моҳона хонандагоне, ки фаъол иштирок карданд, аз рӯйи номинатсияҳои «Иштирокчии фаъол», «Синфи фаъол» ва «Хонандаи фаъол» мукофотонида шуданд.

Фирӯза ЗОХИДОВА,
роҳбари иттиҳодияи методии забони англисии мактаби таълими умумии рақами 14-и ноҳияи Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ