Мушкил аст бар сукут намудан одат…

Вақте ки дар бораи муҳити адабии Самарқанд гап меравад, албатта номи Фармон Тошев бо ифтихор ба забон гирифта мешавад. Ӯ эҷодкорест, ки ҳам дар публитсистика, ҳам дар наср бобаракат эҷод намуда, вақтҳои охир бо шеъру ғазалҳои худ низ дар қалби мухлисон ҷой гирифтааст.
То ин дам қариб 20 адад китобҳои нас­риву назмии ӯ таҳти унвонҳои «Қарнабчӯл қӯшиғи» – «Суруди Қарнабчӯл» (1994), «Онанг тирик, болам» – «Модарат зинда аст, писарам» (1996), «Қарнабликлар кулгиси» – «Хандаи Қарнабиён», «Мен ёмғирли кунда келаман» – «Ман дар рӯзҳои боронӣ меоям» (1998), «Журналистнинг нони қаттиқ» – «Нони журналист сахт» (2003), «Отамнинг сабоқлари» – «Сабақҳои падарам» (2007), «Соғинч» – «Пазмонӣ» (девон, 2011), «Амонат» (2015), «Кӯнгил билан суҳбат» – «Сӯҳбат бо дил» (2015), «Тафаккур манзаралари» – «Манзараҳои тафаккур» (2015), «Адиб ва адабиёт» (2017), «Ғазал маънӣ – ғазал санъат» (девон, 2018), «Тазарру» (2019), «Мактубҳо» ва ғайраро хонда, ғизои маънавӣ гирифта будем. Бояд гуфт, ки ҳар як эҷодкори масъ­улиятшинос низ дар давоми фаъолияти эҷодии худ ба таҳлилу баррасиҳои фардӣ ё худ умумӣ эҳтиёҷ дорад.
Ба наздикӣ тавассути нашриёти «SANNOF» китоби нави шеърҳои Фармон Тошев аз чоп баромад, ки дар он шеърҳои солҳои охир навиштаи ӯ ҷой дода шудаанд. Китобхонон зимни мутолиаи он аз ҳиссиёти рангини тасвирёфта, оҳангҳои таъсирбахши он завқи беандоза ва ғизои маънавӣ мегирад.
Фармон Тошев худ соли 1954 дар деҳаи Қарнаботаи ноҳияи Пахтачӣ ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдӣ ба адабиёт ва журналистика шавқу ҳавас дошт. Аз овони донишҷӯӣ сар карда, хабару мақолаҳои хурд-­хурд менавишт, шеър машқ мекард.
Бояд алоҳида таъкид намуд, ки Фармон Тошев дар эҷоди худ бештар ба навиштани шеъру ҳангомаҳое шавқ дорад, ки бо ҳазли самимӣ, хандаи беғубор омехта аст. Ӯ дар шеърҳои ҳаҷвии худ мисли баъзеҳо камбудиҳои табиию ҷисмонии касонро не, балки нуқсонҳои маънавиашонро танқид мекунад. Зеро устоди калони офаридани асарҳои хандаовар Ғафур Ғулом гуфтааст: «Хандидан аз рӯйи камбудиҳои табиии касон – мисли хандидан дар азохона, хандаи беадабона мешавад». Фармон Тошев низ ба ҳамин суханони устод амал карда, баъзе иллатҳо, ҳатто воқеаҳои фоҷианок ва кирдорҳои дағалро низ бо рӯҳияи таскиндиҳанда, истеҳзо омехта мекунад.
Бахусус, шеърҳои ҷолиби ӯ аз таҷрибаи ҳаётӣ ва талошу кӯшиш дар роҳи худшиносию такомули инсон сарчашма гирифтаанд. Дар асарҳои худ ҳангоми тасвир намудани муаммоҳои ҳаётӣ ва инъикос намудани нозукиҳои қалби инсон низ ба нишон додани қудрати бунёдкории инсони меҳнатӣ эътибори алоҳида медиҳад.
Инсон ба дунё барои некӣ кардан, ба вуҷуд овардани навигариҳо меояд. Шоир мазмуни ғоявии бо кори барои ҷамъият ва халқ манфиатовар машғул шудан, ба халқу диёр нафъ расонидани ӯро бо тарзҳои гуногун ба риштаи тасвир мекашад.
Дар ҳаёти мамлакат ва халқамон, бахусус Ӯзбекистони соҳибистиқлоламон дигаргуниву пешравӣ ва навигариҳоро бо услуби халқонаи равону содда ифода месозад. Дар ин ҳолат шоир ба имкониятҳои мухталифи санъатҳои сухан муроҷиат мекунад. Дар қатори образҳои рамзиву маҷозӣ намунаҳои барҷастаи тасвири ҳодисаҳои табиат ва пейзажро ба вуҷуд меорад.
Чунончи, дар шеърҳои «Ман дар рӯзи боронӣ меоям», «Ба борон монандед», «Гандум», «Манзараи деҳа» тасвири табиат, хусусан ба воситаи образҳои борон ва гандум фикрҳои барҷастаи халқиро дар мисраъҳои ҷозибадор ифода намудааст:
Синаи хокро бидода шукӯҳ,
Медамад субҳ бо сафед армон.
Дар мижа шӯълаи зарин дорад,
Сӯйи дашти қарин равон деҳқон.
Мавҷи эҳсос дар масоҳати сабз,
Болатофат аҷиб
Ин субҳи деҳ аст,
Нидои ҳаёт.*
Метавон гуфт, ки шоир дар сурудани ғазал низ дасти тамом дорад, ҳамчун устоди ботаҷриба дар эҷод бо шаклҳои анъанавии назм бемамоният ибрози афкор менамояд. Ғазалҳои ӯ равону соддаанд ва хонанда аз ҳар мисраи он як маънои муфиду хонданӣ пайдо мекунад. Аз ҳамин сабаб, дар тарҷума намудани ғазалҳои шоир ба осонӣ дар вазни арӯз ҷой мегиранд. Чунончи, шоир дар забони асл мегӯяд:
Эй фалак, асло
менга нодонни ҳамдам айлама,
Ҳамнишин, улфат
этиб бир лаҳза, бир дам айлама.
Тарҷумаи ин байт бошад бо соддагии баён, дар баробари ин фаро гирифтани мазомини амиқ чунин сурат пазируфтааст:
Эй фалак, асло
ба ман нодонро ҳамдам макун,
Ҳамнишину улфатам
як лаҳзаву як дам макун.
Дар шеъри шоир на танҳо ғазалу навъҳои анъанавӣ, ҳаҷвияву рубоиҳо, балки жанрҳои модерн низ мақоми арзанда дошта, ӯ озодона дар ин қолаб низ фикри худро баён менамояд. Бояд тазаккур дод, ки имрӯз дар сабки озод сухан гуфтан, бахусус, образу тасвироти нодир офаридан на ба ҳама даст медиҳад. Зеро, бо вуҷуди дар ин намуд сайри хаёлот намудан шоир бояд дар ҷодаи ношиносу касногузар қадам занаду пеш равад. Дар шеъри «Сукут», ки дар навъи озод гуфта шудааст, олами рӯҳи пуртуғёни шоир дар пеши назари хонанда намоён мегардад:
Сипас…
Сукут,
Оромии ту
Аз гулӯ нолаи ман,
Аз қалби волаи ман
Аз чокҳои он
Бигардад пора-­пора…
Рафта расад ба Ҳақ…
Шоир дар одитарин ҳаводиси атроф образи назаррасеро кашф мекунад, дарди ҷонсӯзеро ифода месозад, ки хонанда зимни мутолиа дарди худ, орзуву омоли худро аз он дармеёбад. Аз ҷумла, сукуту оромие, ки илҳомовару таъсирпазир аст, барои ӯ лаҳзаи пурқимат ба ҳисоб меравад:
Мушкил аст бар сукут намудан одат,
Сукут – бо ғалаён асту ҳам сокин.
Дар сукут зиставу гоҳо
Онро вайрон намуда, дил ёбад таскин.
Сукут,
Як шабе
Ба ман деҳ имкон…
Фармон Тошев дар шеърҳои худ, ки бо ҳиссиёти наҷиб суруда шудаанд, дар боби шеъри шоирӣ, тақдири шоирона низ фикру андешаҳои худро баён намуда, хонандаро ба фикр водор менамояд.
Аз ҷумла, дар хусуси шеърнависии худ мегӯяд:
Чаро шеър гӯям?
Бувад шеър изҳори ишқ,
Ба пазмониҳо қалб
Таскин биёбад:
Шабу рӯз васфаш
Сароям,
Зи баски,
МАН
Бибояд ӯ шуда зиҳам!
Эҷодкор бо сеҳри қалами худ бояд ба дигарон дарси ҳаёт дода, дар вақти зарурӣ онҳоро аз хоби ғафлат бедор карда тавонад. Барои эҷодкори серҷабҳа Фармон Тошев низ чунин маҳорати комилро мехоҳем, ки бо сеҳри қалами худ дар оянда низ қалбҳоро ба ҷунбиш оварад.

Б.РАҲМОНОВ,
Ф.ШУКУРЗОД.

*Шеърҳо аз забони ӯзбекӣ тарҷима карда шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ