Филмсозони Ҳинд тасмим гирифтаанд, ки сериали «Бобур»-ро дар Ӯзбекистон ба навор гиранд

Хозир мутахассисон дар районҳои Фарғона, Самарқанд, Бухоро ва Хиваи республика корҳои тайёриро пеш бурда истодаанд. Онҳо тасмим доранд, ки ба наворбардорӣ аз моҳи декабри соли равон шурӯъ кунанд.

Агентии миллии «Ӯзбеккино» бо гурӯҳи ҳиндии WINGSPAN дар бораи сабти сериали Бобур дар Ӯзбекистон меморандум ба имзо расонид.

Қайд карда мешавад, ки мутобиқи фармони сарвари давлат, барои филмсозони Ҳиндустон дар кишвар системаи махсуси тахфифҳо амал мекунад.

Намоиши филми бисёрқисматӣ дар бораи кӯдакӣ ва ҷавонии Захириддин Муҳаммад Бобур, ҳукмронии ӯ дар Афғонистон, таъсиси сулолаи Бобурӣ, ҷойгоҳи ӯ дар ҷаҳони адабӣ ва ислоҳоте, ки вай дар Ҳиндустон анҷом додааст, нақл мекунад.

Қарор аст, ки ин сериал дар пешрафти шахсияти шоҳ ва шоир, арбоби ҷамъиятӣ Бобур саҳм бигирад. Ғайр аз он, ҳисоб карда мешавад, ки наворбардорӣ дар Ӯзбекистон иқтидори сайёҳии кишварро беҳтар мекунад, робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ ва муносибатҳои дӯстонаро беҳтар мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ