Тоҷикистон ба Ӯзбекистон чӣ қадар семент экспорт кард?

Корхонаҳои сементбарории Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли ин маҳсулоти сохтмониро зиёд намуданд. Тибқи маълумоти бахши саноат, аз аввали соли равон дар ин кишвар беш аз 3,6 миллион тонна семент истеҳсол шудааст. Ин нишондиҳанда 2,4% ё худ нисбат ба нишондиҳандаҳои моҳҳои январ-октябри соли 2019 87,1 ҳазор тонна зиёдтар аст, хабар медиҳад “Авесто”.
Тибқи иттилои манбаъ дар айни ҳол дар Тоҷикистон 13 корхона ба истеҳсоли семент машғуланд ва иқтидори солонаи онҳо 4,7 миллион тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.
Истеҳсол ва содироти семент ҳар сол афзоиш меёбад. Аз ҷумла, соли 2018 корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 3 миллиону 844,2 ҳазор тонна семент истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2017 23,3% зиёдтар аст.
Соли 2019 ин нишондиҳанда 4,2 миллион тонна сементро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 тақрибан 400 ҳазор тонна зиёдтар аст. Соли гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,5 миллион тонна сементро ба маблағи 68,1 миллион доллар содир кард.
Ин навъи масолеҳи сохтмонӣ асосан ба Ӯзбекистон — 980 ҳазор тонна, Афғонистон — 576 ҳазор тонна ва Қирғизистон — 80,6 ҳазор тонна экспорт шудааст.
Дар шашмоҳаи аввали соли равон беш аз 660 ҳазор тонна семент содир шудааст: 333,6 ҳазор тонна ба Ӯзбекистон, 294,6 ҳазор тонна ба Афғонистон ва 40 ҳазор тонна ба Қирғизистон.
Маблағи умумии даромади ин кишвар аз фурӯши ин навъи масолеҳи сохтмонӣ 27,3 миллион долларро ташкил додааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ