Рӯзи Иттифоқи касаба муайян гардид

Ба наздикӣ анҷумани навбатии 8 –уми Федератсияи иттифоқи касабаи Ӯзбекис­тон гузаронида шуд. Президентамон дар паёми табрикии худ ба иштирокчиёни тадбир пешниҳод кард, ки санаи 11 –уми ноябр чун «Рӯзи иттифоқи касаба» пешвоз гирифта шавад. Ҳамин сол, санаи 23–юми ноябр қонун «Дар бораи «Муайян кардани Рӯзи иттифоқи касаба»-и Ӯзбекистон қабул гардида, санаи 11–уми ноябр ҳамчун Рӯзи иттифоқи касабаи Ӯзбекистон аниқ карда шуд.
Дар ҷамъомади ташкилнамудаи Сарсадорати сохтмони вилоят дар бораи мазмун ва моҳияти Рӯзи иттифоқи касаба ва қабули қонун сухан рафт. Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки солҳои охир мавқеъ ва роли соҳаи иттифоқи касаба баланд гардид. Аз ҷумла, бо кӯмаки Иттифоқи касаба ҳуқуқҳои поймолшудаи ходимон ҳифз карда мешавад. Инчунин, манфиатҳои онҳоро ба таври қонунӣ ҳимоя карда, барои онҳо шароити хуби меҳнат фароҳам меоранд.

Умар ИСОЕВ,
раиси иттифоқи касабаи Сарсадорати сохтмони вилоят

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ