Ӯзбекистон шаҳрвандони худро аз Сурия бармегардонад


Ҳукумати Ӯзбекистон аз Сурия бонувону кӯдакони ӯзбекистониро ба ватан бармегардонад. Дар ин бора “Дунё” хабар дод.
Намояндагони Ӯзбекистон барои баррасии масъалаҳои созмондиҳии ин амалиёт ба Сурия рафтанд.
Дар хабар чунин гуфта мешавад, “Ба ватан баргардондани шаҳрвандонамон маҷбурияти ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст”.
Ёдовар мешавем, ҳукумати Ӯзбекистон қаблан дар чорчӯби амалиётҳои инсондӯстонаи “Меҳр-1” ва “Меҳр-2” аз Ховари Миёна 220 нафар зану кӯдакро ба ватан баргардонда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ