Антирекорди нав: 205 ҳазор нафар мубталои коронавирус дар як шабонарӯз дар ИМА


Аз оғози пандемия то ба имрӯз нахустин бор дар ИМА дар як шабонарӯз 205 557 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар ин бора пажӯҳишгоҳи амрикоии Ҷонс Ҳопкинс хабар дод.
Бино ба маълумот, рӯзи 27 ноябр ҳамчунин 1 404 нафар бемори коронавирус фавтиданд.
Аз оғози пандемия то ба имрӯз дар ИМА 13 092 661 нафар мубталои коронавирус шуданд. Беш аз 264 нафар бемор фавтиданд ва беш аз 4,9 миллион нафар бемор шифо ёфтанд.
Шумори мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон ҳоло беш аз 61 миллион нафар аст. 1,4 миллион нафар қурбони вирус шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ