Олимони Чин: Коронавирус эҳтимолан аз Ҳиндустон ба Ухан гузаштааст


Ба назари олимони Чин коронавируси нав эҳтимолан дар натиҷаи гармои шадиди тобистони соли 2019 дар Ҳиндустон “таваллуд шудааст”. Гармои шадид одамону ҳайвонотро маҷбур кард, ки аз як сарчашма об нӯшанд. Ба ин далел, коронавирус шояд ба Ухан аз Ҳиндустон рафтааст. Дар ин бора рӯзномаи The Daily Mail хабар медиҳад.
Дар натиҷаи тадқиқи олимон маълум шуд, ки намунаҳои коронавирус дар Ҳиндустон ва Бангладеш аз ҳам хеле кам фарқ доштанд. Ин ба олимон сабабе шуд, ки эҳтимоли маҳз дар ҳамон минтақа пайдо шудани коронавирусро пеш баранд. Ба назари олимони чинӣ, коронавирус эҳтимолан дар моҳҳои июл-август аз аз Ҳиндустон ба Чин рафтааст.
Аммо, созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ин назар аст, ки маҳз Чин сарчашмаи коронавирус мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ