Дар Туркманистон аз соли оянда чопи рӯзномаву маҷаллаҳо маҳдуд мешавад


Аз соли 2021 дар Туркманистон чопи рӯзномаву маҷаллаҳо маҳдуд мегардад. Дар ин бора “Новости” хабар дод.
Бино ба ин хабар, обуначиён аз соли оянда маҷаллаву рӯзномаҳоро дар шакли электронӣ дарёфт мекунанд. Нашрияҳои коғазӣ танҳо барои нафақахӯрон чоп хоҳад шуд.
Ба гуфтаи кормандони почтаҳои пойтахти Туркманистон, аз соли оянда барои муштариён обуна шудан ба ҳама рӯзнома ва маҷаллаҳои кишвар маҷбурӣ мешавад. Онҳо наметавонанд танҳо ба як, ё ду-се рӯзномаи дилхоҳ обуна гарданд. Фақат нафақахӯрон ҳуқуқи обуна шудан ба як, ё чандин нашрияро хоҳанд дошт. Барои ин нафақахӯрон бояд бо гувоҳномаи нафақахӯрӣ бояд ба почта муроҷиат кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ