Ваксинаи Pfizer ба амрикоиҳо ва аврупоиҳо дастрас мешавад


Белгия ва иёлати Мичигани ИМА захирасозии ваксинаҳои ширкати Pfizer-ро оғоз карданд. Дар ин бора маҷаллаи The Wall Street Journal хабар дод.
Баъди Мичиган ва Белгия Олмон ва иёлати Висконсини ИМА низ ваксинаи ширкати Pfizer-ро харид мекунанд.
Гуфта мешавад, ки баъди иҷозат додани муассисаҳои масъули давлатӣ эмкунии аҳолӣ бо ин ваксинаҳо оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, ширкатҳои Pfizer ва Biontech рӯзи 20 ноябр барои дар феҳристи давлатии ИМА сабтином кардани ваксинаи истеҳсоли худ муроҷиат карда буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ