Дар паноҳгоҳи пинҳонии Гитлер дар Аргентина тангаҳои тиллоӣ ва акси ӯ бо Муссолини пайдо шуд


Олимон ҳангоми омӯхтани паноҳгоҳи пинҳоние, ки эҳтимолан махсус барои Адолф Гитлер сохта шуда буд, тангаҳои тиллоӣ ва аксҳои ӯро пайдо карданд. Дар ин бора Express хабар дод.
Паноҳгоҳ дар фосилаи 600 километр аз шаҳри Буэнос Айрес пайдо шуд. Сокинони маҳаллӣ ҳатто дар бораи ин макон афсонаҳое бофтаанд.
Олимон дар паноҳгоҳ акси якҷояи Адолф Гитлер ва Бенито Муссолини, диктатори Италияро ёфтанд. Ҳамчунин, сандуқчае пайдо шуд, ки дар он тангаҳои тиллоӣ маҳфуз буданд. Ин тангаҳо дар даври ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар Олмон истеҳсол шудааст. Илова бар ин, як акси дигар пайдо шуд, ки дар он кӯдаке дар даст нишони фашизм – “свастика” дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ