Олимон: Мутатсияи коронавирус хавфи ӯро зиёдтар намекунад


Олимони коллеҷи Донишгоҳи Лондон ҳолатҳои мутатсияи коронавирусро омӯхтанд, то фаҳманд, ки тағйири он ба дараҷаи хатарнокии ӯ чӣ андоза таъсир мекунад. Натиҷаҳои пажӯҳиши онҳо дар сайти Nature Communications мунташир шуд.
Олимон намунаҳои вируси беш аз 46 ҳазор нафар беморро таҳлил карданд. Маълум шуд, ки вирусҳо бо се роҳ дучори мутатсия мешудаанд: 1) дар натиҷаи иштибоҳ ҳангоми афзоишёбӣ, 2) дар натиҷаи вокуниш (реаксия) бо дигар вирусҳо,3) ба далели системаи иммуни одам.
Тадқиқоти олимон нишон дод, ки мутатсияи коронавирус хавфи паҳншавии онро зиёд намекунад. Модели дарахти таҳаввулоти вирус, ки мутахассисон сохтанд, инро тасдиқ кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ